Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши солонаи созмони "Хонаи Озодӣ" дар бораи вазъи кишварҳои мусалмоннишин



Соҷидаи Мирзо

Хонаи Озодӣ дар гузориши худ набуди ихтилофи қавонини исломро бо арзишҳои демократӣ таъкид мекунад ва мегӯяд, ҳуқуқи инсон ба вежа дар кишварҳои бебизоати мусалмонӣ поймол мешавад, дар давлатҳое, амсоли Афғонистон бо шарҳи ғалати қавонини исломӣ ва адами эътирофи ҳуқуқи зан.

Созмони Хонаи Озодӣ - як ташкилоти байналмилаии ҳуқуқи башар, дар гузориши солонаи худ перомуни "Озодӣ дар соли 2001 ва 2002"-юм аз вазъи нороҳаткунандаи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои мусалмоннишин хабар медиҳад. Хонаи Озодӣ дар гузориши худ набуди ихтилофи қавонини исломро бо арзишҳои демократӣ таъкид мекунад ва мегӯяд, ҳуқуқи инсон ба вежа дар кишварҳои бебизоати мусалмонӣ поймол мешавад, дар давлатҳое, амсоли Афғонистон бо шарҳи ғалати қавонини исломӣ ва адами эътирофи ҳуқуқи зан. Гузориши солонаи Хонаи Озодӣ бо назардошти маъракаи зиддитеррористӣ ва таваҷҷӯҳ ба ҳуқуқи башар дар кишварҳои исломӣ тартиб ёфтааст. Дар кишварҳое, ки бархе аз шаҳрвандони онҳо бо шумули террористи рақами 1 Бин Лоден дар ҳуҷум ба Амрико муттаҳам шудаанд. Як бахши гузориши Хонаи Озодӣ аз вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои мусалмоннишини собиқ Шуравӣ иборат аст. Дар байни шаш кишвари собиқ Шӯравӣ Озарбойҷон ба феҳрасти давлатҳои нимозод, Тоҷикистон, Қазоқиситон, Қирғизистон Узбакистон ва Туркманистон ба рӯйхати кишварҳои ноозод ворид шудаанд. Ба гуфтаи ин созмони нозири Ҳуқуқи Башар маҳдудияти озодиҳои шаҳрвандон дар давлатҳои номбурда на ба тафсири ғалати қавонини ислом ва ё дахолати мазҳаб ба корҳои давлатӣ, балкӣ ба сарварони худкомаи ин кишварҳо бастагӣ дорад. Гузориш овардааст, президенти Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ва раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо истифода аз ҳароси шаҳрвандони худ дар баробари хатари фундаментализми исломӣ аз густаришу таҳкими демократия дар ду кишвар ҷилавгирӣ мекунанд. Дар нишасти матбуотии бахшида ба пахши гузороиши солона дар Вашингтон, намояндаи Хонаи Озодӣ Или Пиено таваҷҷӯҳи хабарнигоронро ба Узбакистон ҷалб кард. Ӯ гуфт, президенти Узбакиситон Ислом Каримов дар робита ба фишору таҳдиди шаҳрвандон нисбат ба раисони ҷумҳури Қазоқистон ва Озарбойҷон бераҳмтар аст ва наздикшавии Тошканд бо Вашингтон мушти ӯро боз ҳам сангинтар хоҳад кард. Или Пиено гуфт, ҷойи шӯбҳа нест, ки Узбакистон дар симои Ҳаракати Исломии Ҷумъаи Намангонӣ ва гурӯҳҳои дигари ифротгаро ба экстримизми мазҳабӣ рӯ ба рӯ аст. Аммо афзуд, ки президент Каримов бо сӯиистифода аз ин хатар ва дар зери парчами мубориза бо терроризм бештар ҳарифони сиёсии худро саркӯб мекунад. Ба гуфтаи Пиено санадҳо гувоҳи онанд, ки ҳам оппозтсиюни сулҳу ва ҳам мазҳабиёни мустақил аз тарафи ҳукумат таъқиб мешаванд. Адриан Каратники - президенти Хонаи Озодӣ гуфт, ҳеҷ кас мухолифи он нест, ки президент Каримов ба хотири ҳимояти шаҳрвандони худ алайҳи терроризм мубориза мебарад. Аммо афзуд, роҳи муборизаи президенти Узбакистон дар ин самт боиси ташвишу нороҳатӣ шудааст. Созмони Хонаи Озодӣ дар баробари омӯзиши вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои мусалмоннишин ва давлатҳои исломӣ, чун солҳои гузашта рейтинг ва ё меёри озодиҳои шаҳрвандиро дар 192 кишвари ҷаҳон муаян кард. 86 давлати ҷаҳон, бо аҳолии 2 миллиарду 540 миллон, яъне 41,4 дар сади аҳолии замин, ба рӯйхати давлатҳои озод ворид шуд. 48 кишвари дигар бо шумули Алабния, Озарбойҷон, Русия, Украина ва Югославия ва бо теъдоди 2 миллиарду 170 миллон ба феҳрасти давлатҳои нимаозод шомил шуданд. Хонаи Озоди барои солҳои 2001-2002юм Белорус, Ирон, Ироқ ва панҷ кишвари Осиёи Марказиро давлатҳои ноозод эълон кард.

XS
SM
MD
LG