Хиромон БақозодаҶаласаи солонаи НАТО дар Бруссел
Дар ҷаласаи солонаи НАТО дар Бруссел вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Доналд Рамсфелд огаҳ кард, ки Аврупо метавонад ҳадафи терроризм қарор ёбад. Инчунин вай тасмими Амрикоро оид ба хуруҷ аз паймони дифоъи зидди мушакҳои ҳидоятшаванда дастгирӣ кард. Ҷаноби Рамсфелд гуфт, Иёлоти Муттаҳида густариши тамоси байни НАТО-ву Русияро ҷонибдор аст ва эътилофи мазкур бояд мустақилият ва манфиати амалиёти худро ҳифз кунад.