Маъсуми Муҳаммадраҷаб Ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки аз рӯзи 14-уми декабр ҳаракат ба воситаи ағбаи Анзоб қатъ гардид. Ин роҳ вилояти Суғдро бо пойтахти кишвар -- шаҳри Душанбе пайваст мекунад.
Шоҳроҳи мазкур барои Тоҷикистон дорои аҳамияти зиёди иқтисодист ва баста шудани он барои тамоми мавсими зимистон ба барномаҳои иқтисодии кишвар зарари калон мерасонад. Дар баробари ин мардуми вилояти Суғд аз имконияти таъмини молӣ аз пойтахт маҳрум мегарданд. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Ӯзбакистон роҳҳои мошингарди вилояти Суғдро ба шимол ва ғарб бастааст. Бо назардошти чунин душвориҳо давлати Тоҷикистон тарҳи сохтмони як нақбро аз зери Анзоб ба нақша гирифта, сохтмони онро шурӯъ кардааст. Бо ҳамин ҳаракат дар байни шимол ва ҷануби Тоҷикистон тобистони соли 2002 аз сар гирифта хоҳад шуд.