Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё давлати Амрико он идда аз шаҳрвандонашро, ки дар ҷанг бо душманони Амрико ҳамкорӣ кардаанд, ба додгоҳ хоҳад кашонд?



Нурмуҳаммад Холзода

Ҷон Волке-шаҳрванди Амрико аз аёлати Калифорния яке аз онҳост.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷанг алайҳи Толибон ва Ал-Қоъидаро ба поён мебарад ва акнун ин масъала бояд баррасӣ шавад, ки оё давлати Амрико он идда аз шаҳрвандонашро, ки дар ҷанг бо душманони Амрико ҳамкорӣ кардаанд, ба додгоҳ хоҳад кашонд. Ҷон Волке-шаҳрванди Амрико аз аёлати Калифорния яке аз онҳост. Вай ҳангоми саркуби шӯриши Толибони асир дар зиндоне дар шаҳри Мазори Шариф дастгир шуд ва ҳоло дар як пойгоҳи низомии Амрико дар ҷануби Афғонистон нигаҳдорӣ ва аз ҷароҳати тир дар пояш муолиҷа мешавад. Мақомоти низомӣ дар он ҷо мегӯянд вай як боздоштшудаи ҷанг аст, зиндонии ҷанг нест. Ҷенрол Ричард Мейер-Раиси ситоди муштараки вазорати дифоъ мегӯяд, Волке маълумоти судманд дар ихтиёри онҳо мегузорад. Бо вуҷуди ин Волке барои кӯмак ба душман, барои пинҳонкориҳои худ, барои хиёнат ба ватан ва одамкушӣ бояд муҷрим шинохта шавад. Волидони Волке мегӯянд, ки ин ҷавон чанд соли пеш ба ислом рӯ овард ва зуд-зуд ба Ховари Миёна сафар мекард, то дар бораи ислом бештар бидонад ва фарҳанги исломро биомӯзад. Ба гуфтаи волидонаш вай саранҷом бо Толибон дар Афғонистон пайваст. Бархеҳо бар ин боваранд, ки муҳити Амрико чунин аст ва касе талош намекунад каси дигарро аз роҳи хиёнат баргардонад. Бо вуҷуди хашми зиёд баъд аз ҳамлаи 11-сентябр онҳо мегӯянд, ки Волке барои ин хиёнат набояд ба додгоҳ кашонда шавад. Чунин назарро Волтер Бернз-коршиноси амрикоӣ дар заминаи қонунгузорӣ дар маркази таҳлилии Вошингтон низ ҷонибдорӣ мекунад: "Ба назари ман мардум ин эҳсосро доранд, ки вай як ҷавони соддаву раҳгумзада аст, дар бораи ин дунё тахаюлоти худро дорад ва амсоли он. Албатта, ин ҷо падар-модари вай ва одамоне ҳастанд, ки бояд ҳамаи инро ба ҳисоб гиранд". Бо вуҷуди ин сарнавишти Волке комилан рӯшан аст. Мурофиаи вай бояд дар додгоҳи ғайринизомии Амрико сурат бигирад, на дар додгоҳи низомӣ. Ҷорҷ Буш дастур додааст, ки барои расидагӣ ба парвандаи шаҳрвандони хориҷӣ як ниҳоди низомии таҳқиқ ташкил шавад. Ҳудуди як моҳи пеш буд, ки Ҷорҷ Буш ба вазорати дифоъ дастур дод то додгоҳҳои вижаи низомӣ таъсис диҳанд. Баъд аз ин дастур акнун амрикоиҳо сари ин масъала баҳс мекунанд, ки ин дастур чӣ арзиш дорад ва оё он метавонад ҷавобгуи маводди қонуни асосӣ бошад. Ҳафтаи гузашта Ҷон Ашкрофт-Додситони кулли Амрико, пеш аз он ки кумитаи қонунгузори маҷлиси Сено ин тарҳи додгоҳҳоро ба баррасӣ бигирад, аз ин тарҳ дифоъ кард. Ба ҳар ҳол оқои Ашкрофт аз интиқодоте, ки кумиссиюн ба он рӯбарӯ шудааст, изҳори нохурсандӣ кард. Дар ин маврид ҷонибҳои мухталифи масъала вуҷуд дорад, ки тавҷҷуҳи ҳуқуқдонони ғайринизомиро ҷалб кардааст. Яке аз ин ҷавониб махфӣ нигоҳ доштани далоили гуноҳ аст, агар он ба муқаррароти амниятии Амрико муғоират дошта бошад. Вале дар Амрико ҳамаи айби гунаҳкор бояд эълом шавад. Далели дигар ин аст, ки барои гунаҳкор эълон кардани касе бояд ду севвуми қуззоти низомӣ рай диҳанд.

XS
SM
MD
LG