Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миёни намояндагони Мулло Умар ва нирӯҳои зидди Толибон тарафҳо мувофиқат карданд, ки Толибон силоҳу муҳимот худро бисупоранд ва Қандаҳорро холӣ кунанд



Холидаи Қодир

Ҳомид Карзай, раҳбари ҳукумати муваққатии Афғонистон мегӯяд, агар пешвои Толибон Мулло Умар терроризмро маҳкум кунад, вай метавонад дар Қандаҳор зиндагии боҳурмат дошта бошад.



Ҳомид Карзай, раҳбари ҳукумати муваққатии Афғонистон мегӯяд, агар пешвои Толибон Мулло Умар терроризмро маҳкум кунад, вай метавонад дар Қандаҳор зиндагии боҳурмат дошта бошад. Вале Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, ки Мулло Умар, чун мизбону пуштибони гурӯҳи террористии Алқоида ба додгоҳ кашида шавад. Дар гуфтушунид миёни намояндагони Мулло Умар ва нирӯҳои зидди Толибон тарафҳо мувофиқат карданд, ки толибон силоҳу муҳимот худро бисупоранд ва Қандаҳорро холӣ кунанд. Толибони афғон авф карда мешаванд. Тибқи қарордод онҳо силоҳи худро месупоранд ва ба зиндагии осишта бармегарданд. Дар мавриди толибони ғайриафғон Ҳомид Карзай гуфт, ғайр аз сарбозони покистонӣ ҳамаи толибони дигари хориҷӣ ҷинояткор ба шумор мераванд ва бояд ба додгоҳ кашида шаванд. Вале он чӣ ба раҳбари Толибон Мулло Умар марбут мешавад, Карзай мегӯяд, агар вай аз терроризм фосила гирад, метавонад дар озодиву амният ба сар барад: "мулло умар бояд куллан худро аз терроризм дур кунад, аз ҳузури террористони хориҷӣ дар Афғонистон фосила гирад. Ӯ бояд терроризмро дар Афғонистон маҳкум намояд. Ӯ бояд эътироф кунад, ки террористон Афғонистонро хароб карданд, мардуми афғонро куштанд ва ба ҷомеаи байналмилалӣ осеб расониданд. Агар Мулло Умар чунин накунад, ӯ амният нахоҳад ёфт".

Дар айни ҳол Ҳомид Карзай мегӯяд, ки Мулло Умар пешниҳоди вайро дар ин маврид қабул накардааст: "Ман ба таври рӯшан аз Мулло Умар хоҳиш кардам, ки терроризмро маҳкум кунад. Вале ӯ то ҳол чунин накардааст. Чун Мулло Умар терроризмро маҳкум карданӣ нест, агар вай бо терроризм пайванд дошта бошад, агар ба зидди вай парванда вуҷуд дошта бошад, пас, ӯ низ бояд мисли дигарон ба муҳокима кашида шавад".

Вале сарфи назар аз он, ки баъд аз ин Мулло Умар чӣ хоҳад кард ва чӣ хоҳад гуфт, раҳбарони ИМ пофишорӣ мекунанд, ки рабҳари Толибон бояд чун пуштибони терроризм ба додгоҳ кашида шавад. Онҳо мегӯянд, акнун хеле дер ва хеле кам аст, ки Мулло Умар танҳо бо маҳкум кардани терроризм дар озодӣ бимонад. Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, ки вай ҳеҷ гуна қарордодро, ки ба Мулло Умар озодӣ медиҳад, намепазирад. Доналд Рамсфелд, вазири дифоъи Амрико, хушдор дод, ки агар оппозитсиуни Афғонистон мулло Умарро озод раҳо кунанд, Амрико ҳама гуна кӯмакҳои худро ба онҳо қатъ мекунад. Раҳбарони ИМ зимнан, бахши дигаи қарордоди миёни Толибон ва оппозитсоинро дар мавриди таслиму халъи силоҳи Толибон ва холӣ кардани шаҳри Қандҳор истиқбол карданд. Ба ин тариқ, Қандаҳор, охирин пойгоҳи Толибон дар Ағфонистон аз ин гурӯҳ озод мешавад ва ҳукуматдории Толибон низ ба эҳтимоли қавӣ, дигар моли таърих хоҳад шуд. Вале сарнавишти Мулло умар ҳанӯз норавшан аст. Агар қиссаҳо дар бораи Мулло Умар, раҳбари хомӯш ва пинҳонкори Толибон рост бошанд, ӯ дар тамоми зиндагии худ танҳо ду бор бо одамони ғайримусулмон сӯҳбат кардааст. Ҳоло чунин ба назар мерасад, ки агар кадом ҳодисаи дигаре рӯй надиҳад ва Мулло Умар ба додгоҳ кашида шавад, шумори ғайрмусулмонҳое, ки бо раҳбари Толибон сӯҳбат хоҳанд дошт, хеле бештар мешавад.

XS
SM
MD
LG