Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад Солеҳ, раҳбари ҳизби манъшудаи оппозистионии Узбакистон, то ҳол дар боздоштгоҳи Прага мебошад



Холидаи Қодир

Ӯ 28-уми ноябр, баъди фуруд омадан аз ҳавопаймо дар фурудгоҳи Прага боздошт гардид.



Ӯ 28-уми ноябр, баъди фуруд омадан аз ҳавопаймо дар фурудгоҳи Прага боздошт гардид. Ҳукумати Узбакистон Муҳаммад Солеҳро ба ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои динӣ дар бомбгузориҳои Тошканд гунаҳгор мекунад. Дар инфиҷори Тошканд моҳи феврали соди 1999, ки сӯиқасд ба ҷони президент Каримов буд, 9 нафар кушта ва 150 тани дигар захм бардоштанд. Муҳамад Солеҳ ин иттиҳомро рад мекунад. Солеҳ ягона номзади мустақил буд, ки дар интихоботи президентии соли 1991 дар муқобили Ислом Каримов ширкат кард. Соли 1993 фаъолияти ҳизби вай - Эрк мамнӯъ эълон шуд. Соли гузашта додгоҳи Узбакистон Муҳаммад Солеҳро дар ғайбаш ба 15-У ним соли зиндон маҳкум кард ва номи ӯро ба рӯихати Интерпол шомил намуд. Полиси ҷумҳурии Чех дар робита ба ҳамин рӯихат Муҳаммад Солеҳро боздошт кард. Тибқи қонун, имкон дорад, ки вай дар муддати 40 рӯз дар боздоштгоҳ монад. Дар ин муддат мақомоти Чех тақозои расмии Тошкандро барои интиқоли Солеҳ ба Узбакистон интизор мешаванд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар кӯшиш доранд, ки Муҳаммад Солеҳ ба озодӣ барояд. Мэйси Вайшадинг аз Созмони Авфи Байналмилал мегӯяд, вай аз мақомоти Чех дархост кардааст, ки Муҳаммад Солеҳро ба Норвегия пас фиристанд. Норвегия ду сол қабл ба Муҳаммад Солеҳ паноҳандагии сиёсӣ дода буд. Рӯзи душанбе сафири Норвегия дар Прага Лассе Сэйм бо Муҳаммад Солеҳ сӯҳбат кард. Вазири умури хориҷии ин кишвар Ян Петерсен аз ҳамтои чехи худ Ян Каван дархост кард, ки Солеҳро ба Норвегия пас фиристанд. Якчанд созмони ғайридавлатӣ, ҳукуматҳо, ба шумули ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҷумҳурии Чех тақозои озод кардани Муҳаммад Солеҳро намуданд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ташвиш доранд, ки агар Муҳаммад Солеҳ ба Узбакитсон таслим карда шавад, ӯро шиканҷа ва ҳатто марг интизор аст. Дар бораи шиканҷаи боздоштшудагони сиёсӣ дар зиндонҳои Узбакистон гузоришҳои зиёде нашр шудаанд. Узбакистон ба зидди бунёдгароӣ ва терроризм муборизаи шадид эълон кардааст. Вале дар ин маърака мухолифони сиёсии ҳукумати Каримов низ саркӯб мешаванд. Ҳоло Узбакистон яке аз муттафиқони Амрико дар маъракаи зидди террор аст. Фаъолони ҳуқуқи башар изҳори нигаронӣ кардаанд, ки ин нуқта метавонад боиси бештар поймол гардидани ҳуқуқи башар дар Узбакистон шавад.

XS
SM
MD
LG