Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чор гурӯҳи афғон созишномаро оиди таъсиси ҳукумати муваққати дар Бонн ба имзо расониданд



Хиромон Бақозода

Созишномаи таъсиси ҳукумати муваққати Афғонистон баъди нӯҳ рӯзи музокироти ҷиноҳҳои афғон имрӯз, 5 декабри соли 2001, дар Бонн ниҳоят ба имзо расид.

Созишномаи таъсиси ҳукумати муваққати Афғонистон баъди нӯҳ рӯзи музокироти ҷиноҳҳои афғон имрӯз, 5 декабри соли 2001, дар Бонн ниҳоят ба имзо расид. Чор гурӯҳи мубоҳиси Афғонистон созишномаро дар ҳузури канслери Олмон Герҳард Шрёдер, коршиносони Созмони Милал ва намояндагони чандин давлати дунё ба имзо расонид. Бо қарори ширкаткунандагони музокирот, фармондеҳи паштунтабор Ҳамид Карзай роҳбари ҳукумати муваққат интихоб шуд. Ба ҳайати ҳукумати нав 30 нафар ворид хоҳад шуд. Аз инҳо 11 нафар паштунтабор, 8 тоҷик, 5 нафар ҳазора, 3 узбак ва намояндагони дигар ақвоми етникӣ мебошанд. Таърихи 22 декабр рӯзи расмии оғози ифои вазифа намудани ҷаноби Карзай ва роҳбарони мақомоти дигари ҳукумати навтаъсис таъйин шудааст. Бино ба иттилои фиристодаи махсуси Созмони Милал дар Афғонистон Лахдар Броҳимӣ, имзорасии созишнома низ маънои онро дорад, ки Созмони Милал қувваҳои сулҳхоҳи худро дар Афғонистон ҷой хоҳад дод. Муайян шудааст, ки ҳукумати муваққат дар Афғонистон то вақти ташкил шудани ҳукуматии доимии қонунӣ амал хоҳад кард. Дар созишномаи ба имзорасида низ гуфта мешавад, ки роҳбарии ҳукумати нав дар асоси сарқонуни кишвар ва раъйпурсии умумӣ дар давоми ним сол ба роҳ монда мешавад. Вокунишҳо ба имзои созишнома бошад, аз кунҷу канор мерасанд. Шоҳи собиқи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ имрӯз гуфт, ки вай аз натиҷаҳои музокирот ва баимзорасии созишнома розӣ аст ва вай ният дорад ба Кобул қабл аз соли нав баргардад. Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Колин Пауелл созишномаи Афғонистонро таърихӣ номид. Сарвазири Бритониё Тони Блер созишномаи навро дар ҳақиқат беназир ва олӣ номид. Вазири умури хориҷаи Покистон Абдул Саттор низ хурсандии худро аз ин хабар изҳор намудааст. Русияву Ҳиндустон ин хабарро хушбинона баҳо додаанд. Намояндаи Махсуси корҳои хориҷии Шӯрои Аврупо Крис Паттен баимзорасии созишномаро қадами аввал ва муҳим дар барқарорсозии Афғонистон номид.

XS
SM
MD
LG