Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил ҳадафҳоеро дар шаҳри Ғаззаи Фаластин мушакборон кардааст



Нурмаҳмад Холзода

Исроил дар посух ба инфиҷорҳои рӯзи шанбе бомборонҳои соҳаи Ғазза дар Фаластинро оғоз кардааст.

Исроил дар посух ба инфиҷорҳои рӯзи шанбе бомборонҳои соҳаи Ғазза дар Фаластинро оғоз кардааст. Чархболҳои Исроилӣ ҳадафҳоро дар наздикии маркази раҳбари Фаластин Ёсир Арафот дар шаҳри Ғазза мушакборон кардаанд ва гузориш мешавад, ки то ҳол 9 мушак ба маркази раҳбари Фаластин зада шудааст ва ин марказ зоҳиран хароб шудааст. Вале Ёсир Арафот ҳангоми партоби мушак дар маркази худ ҳузур надоштааст. Бино ба гузоришҳо шумори зиёде кушта ва маҷрӯҳ шудаанд, вале теъдоди онҳо то ҳол мушаххас нашудааст. Соиб Еркот як мақоми баландпояи Фаластинӣ аз Исроилиҳо даъват кардааст, ки тарафҳо бар сари мизи музокира баргарданд.

XS
SM
MD
LG