Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имконоти густариши иқтисодӣ дар Тоҷикистон



Соҷидаи Мирзо

Эҳёи муассиаҳои истеҳсолии Тоҷикистон аз Корхонаи Арзизи Тоҷик шурӯъ шуд ва то ба шохаҳои дигари саноат густариш ёфт,- омодааст дар гузориши Бонки Аврпуоии Бозсохт ва Рушд, бар пояи арзёбии вазъи иқтисоди Тоҷикистон.

Эҳёи муассиаҳои истеҳсолии Тоҷикистон аз Корхонаи Арзизи Тоҷик шурӯъ шуд ва то ба шохаҳои дигари саноат густариш ёфт,- омодааст дар гузориши Бонки Аврпуоии Бозсохт ва Рушд, бар пояи арзёбии вазъи иқтисоди Тоҷикистон. Тибқи гузориши ин сохтори молии ҷаҳон соли 2000-ум маҳсули саноати Тоҷикистон 10,3 дар сад афзуд ва то моҳи январ, майи соли 2001 боз 8,3 дар сад боло рафт. Манбаи аслии афзоиши истеҳсолот Корхонаи Арзизи Тоҷикистон аст, ки 10 дар сади нирӯи кории соҳаи саноат ва 57 дар сади маҳсулоти саноатиро фаро мегирад. Аз соли 1997 то соли 2000-ум истеҳсоли аллюминӣ ду баробар афзуда аз 160 ҳазор тона то 307 ҳазор расид. Тавони истеҳсолии Корхонаи Арзизи Тоҷик 517 ҳазор тонна алюминий аст. Аммо бинобар дастгоҳҳои фарсуда ва набуди технологияи нав гумон аст, ки корхона аз уҳдаи истеҳсоли ин миқдор барояд. Бонки Аврпуоии Бозсохт ва Рушд менависад, дар тӯли соли 2001ум афзоиши истеҳсолот ба бахшҳои дигари саноат низ паҳн шуд. Дар нимаи аввали соли 2001ум коркарди маводи ғизоӣ, ҷангалпарварӣ, истеҳсоли маводи сохтмон ва ғайра то 30 дар сад афзуд. Меъёри маъмурият дар корхонаҳо бинобар мавҷудияти моликияти дохилӣ, нуфузи ҳукумат ба муассиаҳо ва ҷанги манфиъат дар онҳо возеҳ аст. Қонуни муфлисшавӣ дар Тоҷикистон соли 1992 қабул шуда дар ин муддат як чанд маротиб тағйир ёфт аммо ҳамчунон таъсир надорад. Аз ин рӯ нишонаҳои тамоюл ба ислоҳот кам мушоҳида мешаванд. Ба иттилоъи Кумитаи Аъмоли Давлатии Тоҷикистон 70 дар сади корхонаҳои миёна ва бузургҳаҷми хусусӣ дар дасти шаҳрвандони Тоҷикистон аст ва назорат мешаванд. Мақомоти ҳукумат талош мекунанд, ки соҳаи тиҷорат ва истеҳсолу фурӯши пахтаро аз назорати худ берун нагузоранд. Барои тафтиши хариду фурӯш кумитаи бозҷуӣ амал мекунад. Аммо истиқлолияти ин сохтор низ зери шубҳа аст. Дар чаҳорчӯби ислоҳот ҳукумати кишвар дигаргуниҳоеро ба зербинои комуникатсионӣ ворид намуд. Бо кӯмакҳои байналмилалии молӣ салоҳият ва вазоиф дар соҳаи нақлиёт, телекомуникатсия ва энергетика тағйир ёфт. Қонуни ҷадиди нақлиёт ва энержӣ моҳи октябри соли 2000ум қабул шуда ба ташкили вазорати алоҳидаи нақлиёт ва Энержӣ мусоидат кард. Ҳамзамон бо ин сохтори зиддимонополӣ бо вазифаи назорати тарифҳо дар монополияҳои иҷтимоӣ таъсис ёфт ва қонуни нави телекомуникатсионӣ бо ислоҳоти ҷиддӣ дар ин соҳа дар баррасӣ қарор дорад. Аммо ба гуфтаи Бонки Аврпуоии Бозсохт ва Рушд ин ислоҳот ба зудӣ фазои иҷтимоиро дар Тоҷикистон тағйир нахоҳад дод. Вазъи иқтисоди Тоҷикистон ба бисёр кишварҳои дар ҳоли гузариш монанд аст, ки мавҷудияти монеъаҳо ва муқовимати сиёсӣ ба пиёда намудани ислоҳот дар онҳо халал мерасонад. Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд иллати камсамарии ислоҳоти соҳаи энержии Тоҷикистонро дар набуди пардохти қиммати барқ ва мавқуф мондани тағйири тарифҳои он мебинад. Соли 2000-ум тарифи нирӯи барқ 70 дар сад афзоиш ёфт. Аммо ин ҳанӯз аз се як ҳиссаи арзиши барқро фаро мегирад. Нотавонии сокинони Тоҷикистон дар баробари пардохти қиммати барқ ва гази табии бахши бузурги буҷаи кишвар сарф мекунад. Танҳо қарзи Корхонаи Арзизи Тоҷик 100 миллон доллар ва ё 10 дар сади даромади ғайри холисро ташкил медиҳад. Аммо Бонки Аврупоии Рушд дар мавриди дурнамои энержии Тоҷикистон мегӯяд, тибқи барномаи ислоҳоти ин соҳа, ки бо кӯмаки Бонки Осиёии Рушд пиёда мешавад, тарифи нирӯи барқ тадриҷан афзоиш меёбад ва истиқлолияти Барқи Тоҷик таъмин мегардад. Дар гузориши Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд омадааст, моҳи июли соли 2001ум созишномаи бозсохт дар байни Бонки Милии Тоҷикистон ва чаҳор бонки бузурги тиҷоратӣ ба поён расид. Ин барнома ба сурати умум барои густариши додугирифти байни ин бонкҳо муфид буд. Аммо ду бонки дигари Тоҷикистон Амонатбанк ва Агроинвестванк ҳамчунон заъиф боқӣ мондаанд. Бонкҳои Тоҷикистон ҳоло ҳам боварии мардумро ба даст наовардаанд ва депозити бонкҳо дар соли 2000ум танҳо 3 дар сади даромади ғайрихолисро ташкил дод. Тоҷикистон яке аз кишварҳои нодори Иттиҳоди Муштаркулманофеъ мебошад ва тибқи пажӯҳишҳо 83 дар сади аҳолии он дар ҳоли фақр ба сар мебаранд. Аз моҳи январи соли 2001ум ҳадди ақали маош дар Тоҷикистон чанд зина боло бурда шуд. Аммо он ҳанӯз ҳам 3 сомонӣ буда ба 1 доллару 50 сент баробар мебошад.

XS
SM
MD
LG