Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони инқилобии афғон дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳ мехоҳанд



Соҷидаи Мирзо

Сарнавишти занҳои Афғонистон, қишри аз ҳама бештар ҷафокашидаи ҷомеъаи ин кишвар, ки дар тӯли 23 соли ҷанги шаҳрвандӣ ҳамаи ҳуқуқҳои инсониву шаҳрвандиашро пора пора ба яғмо бурданд, акнун дар доираҳои сиёсии байналмилалӣ матраҳ аст.

Сарнавишти занҳои Афғонистон, қишри аз ҳама бештар ҷафокашидаи ҷомеъаи ин кишвар, ки дар тӯли 23 соли ҷанги шаҳрвандӣ ҳамаи ҳуқуқҳои инсониву шаҳрвандиашро пора пора ба яғмо бурданд, акнун дар доираҳои сиёсии байналмилалӣ матраҳ аст. Ҳафтаи гузашта Камиссионери ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттҳаид Мери Робинсон, ҳамсари президенти Иёлоти Муттаҳида Лора Буш ва ҳамсари нахуствазири Британия Чери Блэр Толибонро барои рафтори ноҷавонмардона ва бераҳмона дар баробари занони афғон маҳкум ва зарурати иштироки занҳоро дар ҳаёти сиёсии Афғонистон таъкид карданд. Таҳаввулоти ахири Афғонистон имкони дигаргуниҳои ҷиддиро дар ин кишвар ба миён овардааст. Аммо занҳои Афғонистон аз эҳтимоли он, ки бар асари ин раванд танҳо як ҷиноҳи даргири Афғонистон ҷиноҳи дигарро дар қудрат иваз хоҳад кард чандон хушнуд нестанд. Созмони занони инқилобии Афғонистон, ки аз соли 1977 ба ин тараф фаъолияти худро барои дифоъи ҳуқуқи занон ва таъмини кӯмакҳои башарӣ ба роҳ мондааст, талош дорад, ки дар пасманзари мавқеъгирии ҷиноҳҳои Афғонистон ва даъвои қудратхоҳии онҳо садои занони афғон ношунида боқӣ намонад. Таҳмина Фариол яке аз фаъолони ин ташкилоти қадимии Афғонистон дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид гуфт, дар назари занони афғон, Толибон ва Иттиҳоди Шимол яке аз дигаре баддаранд. Зеро ба гуфтаи ӯ ҳар ду ҳам даст ба кушторҳои дастаҷамъи заданд ва ҳарду ҳам ҳуқуқи инсон ва номуси занҳои афғонро поймол карданд. Яке аз масъулони созмони Рова дар Исломободи Покистон Руё Анвар дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки дар ҳукумати оянда набояд ҷиноҳҳои даргири афғон иштрок дошта бошанд. Рӯзи сешанбе фиристодаи хоси Созмони Милали Муттаҳид дар Умури Афғонистон Лаҳдар Иброҳимӣ эълон дошт, ки намояндагони ҷиноҳҳои афғон бо шумули Иттиҳоди Шимол барои таъсиси ҳукумати даври гузариш, рузи душанбе дар Олмон мулоқот хоҳанд кард. Кӯшишҳо барои таъсиси ҳукумати ояндаи Афғонистон, ва таваҷҷуҳи хонумҳои аввали Амрико ва Британия ба мушкилоти занони афғон созмонҳои занонаро ба он водор мекунад, ки аз раванди ташкили ҳукумат қафо намонанд ва ҳақи қонунии худро дар ин кишвари акнун мавриди таваҷҷӯҳ аз даст надиҳанд.

XS
SM
MD
LG