Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймоҳои амрикоӣ ҳамлаҳоро болои мавқеъи Толибон дар акнофи Қундуз идома доданд



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Ҳавопаймоҳои амрикоӣ имрӯз пойгоҳи толибонро дар мавзеи Қундуз мавриди ҳамла қарор доданд, хабар дод фармондеҳи амалиёт дар Афғонистон Томии Френкс.

Ҳавопаймоҳои амрикоӣ имрӯз пойгоҳи толибонро дар мавзеи Қундуз мавриди ҳамла қарор доданд, хабар дод фармондеҳи амалиёт дар Афғонистон Томии Френкс. Дирӯз генерал дар базаи Багром наздики Кобул бо пешвоёни Эътилофи Шимол гуфтушунид анҷом дод. Имрӯз дар назди хабарнигорон дар Узбакистон Френкс дар бораи тасарруфи Қундуз чизе иттилоъ надод. Генерал Френкс боз таъкид кард, ки ҳадафи асосии амалиёт дар Афғонистон бидуни ишғоли ду пойгоҳи ахири Толибон-Қундуз ва Қандаҳор- нест кардани гурӯҳи террористии Ал Қаида-и Усома бин Лодин аст. Намояндаи Пентагон адмирал Ҷон Сталфбим дирӯз эълом дошт, ки ИМА омодааст, дар мавриди лозима барои баргузории гуфтушунид байни Эътилофи Шимол ва Толибон дар бораи таслими шаҳр, бомбаборони акнофи Қундузро қатъ кунад. Эътилофи Шимол эълом дошт, пагоҳ мӯҳлати ултиматум барои таслими Толибон дар Қундуз ба ахир мерасад. Агар онҳо муқовиматро қатъ накунанд, нирӯҳои Эътилоф ба шаҳр ҳуҷум хоҳанд кард. Толибон боре гуфта буданд, ки шаҳрро таслим мекунад аммо танҳо ба нирӯҳои посдори сулҳи СММ. Намояндаи СММ дар Афғонистон дар навбати худ изҳор дошт, ки амнияти ҷонии Толибони таслимшударо кафил буда наметавонад. Қундуз пурра дар муҳосираи нирӯҳои Эътилоф қарор дорад.

XS
SM
MD
LG