Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муносибати Тоҷикистон ва Амрико ба марҳилаи нав ворид шуд



Холидаи Қодир

Рӯзи сешанбе президенти Тоҷикистон Имомалӣ Раҳмонов гуфт, ки Тоҷикистон мехоҳад бо Амрико робитаҳои беҳтар дошта бошад.

Рӯзи сешанбе президенти Тоҷикистон Имомалӣ Раҳмонов гуфт, ки Тоҷикистон мехоҳад бо Амрико робитаҳои беҳтар дошта бошад. Дар шароити ҳозира амалӣ шудани орзӯҳои президент Раҳмонов дар мавриди пайвандҳои бештар бо Иёлоти Муттаҳида хеле ҳам воқеъӣ ба назар мерасанд. Танҳо ба таҳаввули як ҳафтаи ахир назаре афканем: вазири дифоъи Амрико барои баррасии ҳамкории Тоҷикистон ба эътилофи зидди террори таҳти назари Амрико ба Душанбе омад, Тоҷикистон ба Амрико пойгоҳи ҳавоӣ пешниҳод кард ва дар муқобил, Вошингтон мегӯяд, ки ба Тоҷикистон миллионҳо доллар кӯмак хоҳад кард. Бо шурӯъи маъракаи зидди террор, муносибати Тоҷикистон ва Амрико ба марҳилаи нав ворид шуд. Агар қаблан, Тоҷикистон барои Амрико як кишвари ҷангзадаву бӯҳронзадаи таҳти таъсири Русия ва мӯҳтоҷи кӯмак бошад, ҳоло дар вазъияти нав тарафҳои дигари Тоҷикистон ҷилвагар мешаванд. Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад. Аз ин сабаб, ҷумҳурӣ метавонад ҳам барои амалиёти ҳарбӣ ва ҳам барои интиқоли кӯмакҳои хайрия ба мардуми Афғонистон нақши муҳим дошта бошад. Тоҷикистон, тавре гуфтем, ризоият додааст, ки барои ҳамлаҳои Амрико болои Афғонистон пойгоҳи ҳавоӣ диҳад. Ин дар ҳолест, ки ҷумҳурии ҳамсоя Узбакистон танҳо ба амалиёти ҷустуҷӯву наҷот ҳамкорӣ мекунад ва Тошканд гуфтааст, ки Амрико иҷозат надорад, ки аз хоки Узбакистон болои Афғонистон амалиёти ҳарбӣ ба роҳ монад. Зоҳиран, Тоҷикистон чунин маҳдудият намегузорад ва ин барои Амрико муҳим аст. То ҳол ҳавопаймоҳои Амрикоӣ, ки болои Афғонистон ҳуҷум мекунанд, аз масофаи дур, аз пойгоҳҳои Халиҷи Форс ва баҳри Араб боло мешаванд. Тоҷикистон, бо масофаи наздик ба Афғонистон, барои Амрико ваританти нав ва дақиқан, варианти беҳтар мебошад. Ҳамин аст, ки дар тӯли яку ним моҳи ахир Амрико ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳ нишон медиҳад. Қаблан, кам иттифоқ меафтод, ки мақомоти баландпояи амрикоӣ ба Тоҷикистон сафар кунанд. Ҳайатҳои баландмақоми Амрико, ки ба минтақа меомаданд, Тоҷикистонро маъмулан ба рӯзномаи сафар ҳамроҳ намекарданд. Вале ҳоло вазъият тағйир ёфтааст. 31 октябр фармондеҳи амалиёти ҳарбии Амрико дар Афғонистон генерал Томми Франкс дар Душанбе бо президент Раҳмонов мулоқот кард. Чаҳор рӯз қабл аз он, сафири нави Иёлоти Муттаҳида дар дар Тоҷикистон Франклин Ҳадл изҳор кард, ки бар хилофи дипломатҳои қаблӣ, вай вақти худро асосан дар Душанбе гузаронидан мехоҳад, на дар Қазоқистон. Шанбеи гузашта, барои нахустин бор вазири дифоъи Амрико Донлад Рамсфелд ба Тоҷикистон омад. Рӯзи сешанбе департменти давлатии ИМА намояндаи худ Лин Паскоро ба Душанбе фиристод. Барномаи ҳамаи ин сафарҳо ҳамкории Тоҷикистон ба маъракаи зидди террор мебошад. Тоҷикистон мавқеъи худро дар маврид рӯшан кардааст: ҷумҳурӣ дар сафи эътилофи байналмилалии зидди террор қарор мегирад. Ин мавқеъи Тоҷикистонро Талбак Назаров, вазири корҳои хориҷӣ, бори дигар зимни мулоқот бо Доналд Рамсфелд ёдовар шуд. Тоҷикистон ба зудӣ, баъди ҳамлаҳои террористии 11 сентябр гуфтааст, ки дар сафи эътилофи зидди террор қарор гирифта, дар ин маърака нақши ғайрифаъоли худро хоҳад дошт ва ин амал дар ҳамкорӣ бо Амрико сурат хоҳад гирифт. Доналд Рамсфелд, вазири дифоъи Амрико дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор кард, ки Амрико ҳамкории ҳар як кишвари ҷаҳонро дар мубориза зидди терроризм қабул хоҳад кард. Дар марвиди ҳамкории Тоҷикистон, вазири дифоъи Амрико дар Душанбе гуфт: "Иёлоти Муттаҳида аз ҳамкорӣ ва вокунише, ки ҳукумати Тоҷикистон зуд пешниҳод намуд, самимона сипосгузор аст. Ин ҳамкории воқеъӣ ва муҳим мебошад.Барои таҳкими ин ҳамкории воқеъӣ ва муҳим, ки ба эҳтимоли қавӣ маънои он ба роҳ мондани амалиёти ҳарбӣ аз хоки Тоҷикистон мебошад, ҳайати мутахассисони амрикоӣ се фурудгҳои Тоҷикистонро дар Кӯлоб, Хуҷанд ва Қурғонтеппа мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Ҳайати мутахассисони мо ба Тоҷикистон меоянд, онҳо дар бораи натиҷаи арзёбӣ ба генерал Томи Франкс гузориш медиҳанд ва сипас, тасмим гирифта мешавад, ки чӣ қобили истифода хоҳад буд."

XS
SM
MD
LG