Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оппозистиони афғон рӯзи якшанбе як фурудгоҳи нав ва начандон бузургро бо номи Ширкат ифтитоҳ кард



Холидаи Қодир

Фурудгҳои Ширкат, ки дар 80 километрии шимоли Кобул ҷойгир аст, бо кӯмаки мушовирони амрикоӣ бунёд гардид.

Оппозистиони афғон рӯзи якшанбе як фурудгоҳи нав ва начандон бузургро бо номи Ширкат ифтитоҳ карданд, ки он метавонад барои ба роҳ мондани амалиёти заминии нирӯҳои байналмилалӣ зидди Толибон, нақши муҳим бозӣ кунад. Фурудгҳои Ширкат, ки дар 80 километрии шимоли Кобул ҷойгир аст, бо кӯмаки мушовирони амрикоӣ бунёд гардид. Шоҳидон ва манобеъи ҳарбӣ мегӯянд, ки рӯзи якшанбе ба ин фурудгоҳи хурд як ҳавопаймои нақлиётӣ поин шуд ва якчанд нафар болову поин шуданд. Ҳамаи мусофирон ашхоси ғайриафғон буданд ва базудӣ тавассути мошинҳои ҳарбӣ ба самти номуайян интиқол ёфтанд. Чанд соат қабл аз он як чархбол ба ин фурудгоҳ нишаст ва як мутахасиси хориҷӣ ба омӯзиши хатти фуруд омадани ҳавопаймо машғул буд. Ширкат дар наздикии шаҳраки Гулбаҳор, дар даромадгоҳи водии Панҷшер ҷойгир шуда ва ягона фурудгоҳи қобили истифода мебошад, ки зери назорати Иттиҳоди Мухолифини Шимол аст. Тӯли сангфарши он бештар аз 500 метр аст. Сохтмони он як моҳ қабл шурӯъ шуда буд ва таҳти назорати шадид идома дошт. Хабарнигорон низ ба наздикии он роҳ доад намешуданд. Яке аз фармондеҳони Иттиҳоди Шимол Ҳоҷӣ Абдулқадир моҳи гузашта изҳор карда буд, ки фурудгоҳ бо кӯмаки мушовирони амрикоӣ бунёд мешавад. Тавре гуфтем, фурудгоҳи Ширкат метавонад барои интиқоли муҳимот ва дар ҳоли зарурат, барои интиқоли сарбозони амрикоӣ ба дохили Афғонистон нақши муҳим дошта бошад. То ҳол муҳимот ба миқдори маҳдуд ба воситаи чархбол ва ё бо роҳи заминие, ки як ҳафтаро дар бар мегирад, ба минтақа расонида мешаванд. Чарлз Ҳейман, мутахасиси ҳарбӣ дар умури Афғонистон аз маҷаллаи Ҷейнс Дефенс Викли дар мусоҳиба Радиои Озодӣ гуфт, ки фурудгоҳи Ширкат як интихоби нав барои эътилофи зидди террор мебошад. Ифтитоҳи фурудгоҳи Ширкат ба эътилофи зидди террор як варианти нав медиҳад, то ҳол эътилоф интихои зиёд надошт. Ин чунин маъно дорад, ки акнун Амрико метавонанд, фиристодани муҳимотро дар минтақаи атрофи фурудгоҳ шурӯъ кунад, ин мустақиман дар муқобили шаҳри Кобул ҷойгир аст. Боз ин чунин маъно дорад, ки акнун дар ҳоли зарурат Амрико метаованд, сарбозони худро ба ин ҷо мустақиман интиқол диҳад. Вале ин кори тӯлонӣ хоҳад буд. Ширкат фурудгоҳи хурд аст, дар он имкони қабули даҳҳо ҳавопаймо вуҷуд надорад. Шояд танҳо як теъдоди ками ҳавопаймоҳо ба ин фурудгоҳ рафтаву омада метавонанд. Вале дар шароити кунунӣ пойгоҳи бузурги ҳавоӣ - Багром дар иҳотаи кӯҳҳое қарор дорад, ки зери назорати толибонанд ва аз ин сабаб истифодаи Багром ҳанӯз аз имкон берун мебошад. Вале ба гуфтаи Чарлз Ҳейман, иттифоқан фурудгоҳи Ширкатро метавон барои аз Толибон холӣ кардани манотиқи атрофи Багром истифода кард.

XS
SM
MD
LG