Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи амалиёти Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон бо президенти Ӯзбакистон мулоқот кард



Салими Аюбзод

Генерал Томӣ Френкс, ки ба амалиёти ҳарбии Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон фармондеҳӣ мекунад, ҳамкории кишварашро бо Ӯзбакистон дар маъракаи зидди террор муҳим номида, сӯҳбатҳоро аз бунбасти амалиёт дар Афғонистон рад кард ва вуруди нирӯҳои заминиро ба Афғонистон амали эҳтимолӣ номид.

Генерал Фрэнкс дар Тошканд, дар нишасти матбуотӣ, пас аз мулоқот бо президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов дар бораи ҳадафи гуфтушунидҳо ва сатҳи ҳамкории низоии дуҷониба ба хабарнигорон чунин гуфт: "Мо дарёфтем, ки президент Каримов ғайратмандона омодааст, ва бо назардошти кулли ин амалиёт моро пуштибонӣ мекунад ва мо аз ин қаноатмандем. Оё дархости иловагие буд, ки президент онро беҷавоб гузошт, посух медиҳем "на". Генерал Френкс гуфт, мулоқоти ӯ бо президент Каримов дар фазои боз ва дӯстона ҷараён гирифт. Дар посух ба шарҳи матбуот, ки амалиёт дар Афғонистон вориди бунбаст шудааст, генерали америкоӣ гуфт, ба ин бовар надорад ва амалиёт тибқи барнома ба таври қаноатбахш давом мекунад. Генерал Томмӣ Фрэнкс эҳтимоли вуруди нирӯҳои заминии эътилофи зидди террорро рад накард ва гуфт, амалиёт дар Афғонистон барои дарозмуддат тарҳрезӣ шудааст ва ҳама гуна имкониятҳоро дар назар дорад. "Оё нирӯҳои заминии Иёлоти Муттаҳида дар Ӯзбакистон ҷобаҷо хоҳанд шуд, пурсиданд хабарнигорон. Дар ҷавоб генерали америкоӣ гуфт, ҳамкории ҳарбии кишвараш бо Ӯзбакистон вобаста ба вазъият дар амалиёти ҷангӣ метавонад, тағйир ёбад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Ӯзбакистон гуфтаанд, онҳо фурудгоҳ ва ҳарими ҳавоии худро танҳо барои барномаҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар ихтиёри нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида гузоштаанд. Томмӣ Френкс гуфт, мақсади амалиёт дар Афғонистон дарҳамшикастан ва нобуд кардани шабакаи террористии Ал Қойида мебошад ва дар ин роҳ Иёлоти муттаҳида бо мухолифони толибон робитаи қавӣ бунёд кардааст. "Мо ҳамчунин бо сарони оппозисюни афғон гуфтугӯҳо доштем ва ин равандро идома медиҳем, ҳам дар ҷануб ва ҳам дар шимоли Афғонистон. Ҳадафи мо ҳамкорӣ бо онҳоест, ки манфиатҳои мову онҳо ба ҳам меояд ва ниёзи ҳар гурӯҳи алоҳида аз ҳам фарқ мекунад ва омодагию тавони мо дар кӯмак ба ҳар гурӯҳ низ аз ҳам тафовут доранд." Гуфт генерал Фрэнкс, ки рӯзи душанбе аз Покистон ба рӯи Афғонистон парвоз кард ва дар Ӯзбакистон фуруд омад.

XS
SM
MD
LG