Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ситоди кулли артиши Русия Анатолий Квашнин ба Душанбе омад



Саидқосими Қиёмпур

Масоили марбут ба вазъи феълии Афғонистон ва кӯмак ба Эътилофи Шимол дар мулоқотҳои раиси ситоди куллии вазорати дифои Русия бо мақомоти Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуданд.

Масоили марбут ба вазъи феълии Афғонистон ва кӯмак ба Эътилофи Шимол дар мулоқотҳои раиси ситоди куллии вазорати дифои Русия бо мақомоти Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуданд. Сӯҳбати дидорбиноиҳои фармондеҳи боломақоми Русия бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, вазири дифои кишвар Шералӣ Хайруллоев, вазири умури хориҷаи Афғонистон Доктор Абдулло ва фармондеҳи кулли нерӯҳои Эътилофи Шимол Муҳаммад Фаҳим паси дарҳои баста сурат гирифтанд. Тибқи иттилоъи як манба аз сафорати Русия дар Тоҷикистон мансабдори вазорати дифои Русия бо супориши вижаи президент Путин барои баррасии ду масъала: омодагии девизияи 201-уми Русия ба рафъи ҳуҷумҳвои эҳтимолии толибон ва кӯмак ба Эътилофи Шимоли Афғонистон ба Душанбе омада буд. Ин манба гуфт, ҷаноби Квашнин эълон дошт, то ахири соли равон Русия ба нерӯҳои Ҷабҳати Шимол боз чанд танки Т-55 зерипӯшҳо, чархболҳо, тӯпҳои "Град" ва таҷҳизоти худидораи "Шинка" интиқол медиҳад. Як манба аз сафорати давлати исломии Афғонитсон дар Душанбе, дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, дар ин мулоқот Доктор Абдулло изҳор дошт, мавқеи давлати исломии Афғонистон дар мавриди ҳукумати ҷадиди Афғонистон бетағйир аст7 Ин ҳукумат бояд бидуни ширкати Толибон бунёд шавад. Ҷиноҳи муътадили Толибон, ки тибқи изҳороти ахири Колин Пауел котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида бояд ба ҳукумати ҷадиди Афғонистон шомил шавад, аслан вуҷуд надорад. Ва аммо сӯҳбати Анатолий Квашнин бо вазири умури хориҷаи Афғонитсон ва фармондеҳи кулли нерӯҳои Иттиҳоди Шимол сари кӯмаки оҷил ба ҷабҳаи зидди Толибон ҷараён гирифт. Қайд гардид, ки Русия 50 танки Т55 ва Т62, 80 зиреҳпӯш, 6 чарболи М6, 6 чарболи мусофиркаши М24 ҳамчунин 12 тӯпи "Град"-ро ба ихтиёри Ҷабҳаи Шимол мегузорад. Айни ҳол мусоҳиби мо иброз дошт, дар мулоқот дар мавриди аз ҳисоби зиреҳпӯшҳо ва силоҳи девизияи 201-уми Русия интиқол додани кӯмаки низомӣ ҳарфе гуфта нашуд ва аз ин рӯ метавон гуфт, овозаҳо дар ин маврид бепояву бунёданд. Александр Рубцов муовини фармондеҳи девизияи 201-уми Русия низ дар сӯҳбат бо мо ин овозаҳоро такзиб кард. Манбаи мо аз сафорати Афғонистон дар Душанбе дар посух дар саволе мавриди он, ки шояд дар сӯҳбатҳои пасипардагии мавзӯи ширкати низомиёни Русия дар муборизаҳо аз ҷониби Ҷабҳаи Шимол низ матраф шуда бошад, ки дар ин бора иттилое надорад. Манбаҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон ба мо фақат гуфтанд, ки дар сӯҳбатҳои пасипардагии ҷаноби Квашнин бо мақомоти Тоҷикистон низ мавзӯи Афғонистон ва амнияти минтақа баррасӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG