Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, кишвараш дар амалиёти зиддитеррористӣ бо Иёлоти Муттаҳида ҳамкорӣ хоҳад кард



Тоҳири Сафар

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар маросими ифтитоҳи анҷумани Ҳизби халқию демократии Тоҷикистон гуфт, ҳукумати кишвараш ҳозир аст дар муборизаи зидди террорисм бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла бо Иёлоти Муттаҳида ҳамкорӣ кунад.



Президент Раҳмонов ҳамчунин зикр кард, ки Тоҷикистон ҳамлаҳои террористии зидди Иёлоти Муттаҳидаро, ки сабаби ҳалокати ҳазорон нафар гардид, шадидан маҳкум кард. Сарвари давлати Тоҷикистон гуфт, ташкилкунандагони ин ҷинояти мудҳиш бояд боздошт шуда, ба ҷазои сахт гирифтор гарданд. Тоҷикистон дар қатори кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистони Осиёи Марказӣ аз тарафи раҳбарияти Иёлоти Муттаҳида дорои аҳамияти стратегӣ шумурда мешавад.

XS
SM
MD
LG