Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳои зидду нақиз оиди сарнавишти Аҳмадшоҳи Масъуд



Холидаи Қодир

Дар бораи сарнавишти Ахмадшоҳи Масъуд фармондеҳи иттиҳоди нирӯҳои зидди Толибон дар Афғонистон хабарҳои зидду нақиз пахш мешавад. Дар ҳоле, ки хабаргузориҳои Русӣ дар бораи марги Аҳмадшоҳи Масъуд дар натиҷаи як амалиёти терористӣ хабар медиҳанд, сухангӯи Масъуд Мухаммад Юнуси Қонуни ба Радиои Озодӣ гуфт, ки фармондеҳи шимоли Афғонистон аз ин сӯиқасд, ки ба гуфтаи Қонуни кори кашфиёти Покистон ва Усома Бинни Лодин буд, наҷот ёфт ва дар шимоли Афғонистон таҳти муолиҷа қарор дорад.

Дар бораи сарнавишти Ахмадшоҳи Масъуд фармондеҳи иттиҳоди нирӯҳои зидди Толибон дар Афғонистон хабарҳои зидду нақиз пахш мешавад. Дар ҳоле, ки хабаргузориҳои Русӣ дар бораи марги Аҳмадшоҳи Масъуд дар натиҷаи як амалиёти терористӣ хабар медиҳанд, сухангӯи Масъуд Мухаммад Юнуси Қонуни ба Радиои Озодӣ гуфт, ки фармондеҳи шимоли Афғонистон аз ин сӯиқасд, ки ба гуфтаи Қонуни кори кашфиёти Покистон ва Усома Бинни Лодин буд, наҷот ёфт ва дар шимоли Афғонистон таҳти муолиҷа қарор дорад. Ин дар ҳолест, ки бародари Аҳмадшоҳи Масъуд Вали, ки сафири Давлати Исломии Афғонистон дар Лондон мебошад ба хабарнигори Ассошейдет пресс гуфтааст, ки Масъуд дар ҷараёни сӯиқасд ҷароҳати вазнин бардошта ва ҳамакнун беҳуш аст. Аммо ҳеҷ кадоме аз ин хабарҳоро то ин соат наметавон тасдиқ кард. Он чӣ ҳамаи манбаъҳо тасдиқ мекунанд ин аст, ки дирӯз ду нафар, ки худро хабарнигор муаррифӣ карданд бо хоҳиши мусоҳиба ба Аҳмадшоҳи Масъуд наздик шуданд ва видеокамераи онҳо дар рафти мусоҳиба мунфаҷир шуд. Гуфта мешвад, ки ҳарду сӯиқасдкунанда аз дасти яке аз муҳофизони Масъуд кушта шуданд.



XS
SM
MD
LG