Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ярч дар Суғд як духтари ҳабдаҳсола ва беш аз ҳазор сар чорворо ҳалок кард



Хоҷаи Мирзода

Дар деҳоти Ниҷонӣ ва Табкоки ноҳияи Истравшан аз боришу хокрез 370 хонаи истиқоматӣ, шаш мактаб, 4 километр роҳи мошингард, ду пул, як траснформатор, 5 километр хатти барқ, ва наздик ба 1700 сар чорво талаф ёфтанд.

Шаби 29 ба 30 август бар асари бориши зиёд ва ярч дар вилояти Суғди Тоҷикистон як духтари ҳабдаҳсола ва беш аз ҳазор сар чорво ба ҳалокат расиданд. Ба гуфти муовини вазири вазъиятҳои фавқулодда Рустам Шоев духтар дар зери вайронаҳои хонаашон монда ҳаёти худро аз даст дод.

Номбурда илова кард, ки хасороти асосии ноҳияи Истравшан ба деҳоти Ниҷонӣ ва Табкок рост меояд. Дар он ҷо аз боришу хокрез 370 хонаи истиқоматӣ, шаш мактаб, 4 километр роҳи мошингард, ду пул, як траснформатор, 5 километр хатти барқ, ва наздик ба 1700 сар чорво талаф ёфтанд.

Дар ноҳияи Нов бошад, беш аз ҳама деҳоти Тағояк ва Андарсой талафот бардоштаанд. Дар он ҷо 139 хона бо хасорот мувоҷеҳ шуд, ки аз ин ҷумла 30 хона қобили барқарорсозӣ нестанд. Ба гуфти муовини вазири вазъиятҳои фавқулодда бориши зиёди борон садҳо ҳектар заминҳои кишти пахта ва гандумро хароб кард.



XS
SM
MD
LG