Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумруки Тоҷикистон амволи дорои моҳияти ҳарбии Ӯзбакистонро дар марзи Тоҷикистон боздошт кард



Мирзои Салимпур

Идораи гумруки Тоҷикистон дар истгоҳи роҳи оҳани Конибодом воқеъ дар вилояти Суғди кишвар аз як қатораи Ӯзбакистон ду вагонро бо амволи низомӣ боздошт кард. Ин қатора тариқи транзит аз роҳи Конибодом ба сӯи вилояти Фарғонаи Ӯзбакистон мерафт ва ба гуфтаи бархе аз манобеъ муҳимоти ҷангӣ дошт.

Раиси раёсати Кумитаи гумруки Тоҷикистон Қурбон Абдуназаров дар умури мубориза бо маводҳои қочоқӣ рӯзи 9-уми август ба радиои Озодӣ хабари муҳимроти ҷангӣ доштани қатораи мазбурро рад намуда, дар айни ҳол афзуд, таҷҳизоти обуҳавосанҷие, ки тавассути ин қатора интиқол дода мешуд, таъиноти низомӣ доштанд. Ва тарафи Ӯзбакистон иҷозати пешакии мақомоти Тоҷикистонро, ки дар чунин маврид ҳатмӣ мебошад, нагирифтааст. Қурбон Абдуназаров изҳор дошт, аз тақдири минбаъдаи қатораи боздоштшуда ва истгоҳи ниҳоии таъиноти он иттлоъи дақиқ надорад. Вале манобеи наздик ба мақомоти гумруки вилояти Суғд мегӯянд, ҳарду вагони қатораи мазбур ҳамчунон дар истгоҳи роҳи оҳани Конибодом дар ҳабси гумрукӣ қарор доранд. Коршиносон бо назардошти ин ки Ӯзбакистон ахиран минтақаи бо Қирғизистон ҳаммарзашро дар водии Фарғона аз лиҳози дифоӣ тақвият додааст, эҳтимоли ба ҳамин қасд ба водии Фарғона интиқол дода шудани ин қатораро бо таҷҳизоти низомӣ сарфи назар намекунанд. Гуфта мешавад, Узбакистон бо манотиқи водии Фарғона роҳи оҳани мустақим надорад. Ҷониби Тоҷикистон дар баҳои транзити қатораҳои Узбакистон бо ин самт ҳамасола дар ҳудуди 40 миллион доллар аз он кишвар маҳсулоти нафтӣ, нуриҳои минералӣ ва газ ворид мекунанд. Ин нахустин бор аст, ки насиб қатораҳои Узбакистон бо амволи ғайримашрӯъ боздошт карда мешаванд. Ба иттилои манобеи муътамад, ахиран мақомоти Узбакистон бо фиристоди як нома аз кумитаи гумруки Тоҷикистон озодии таҷҳизоти ҳабсшудаашро тақозо кардааст. Вокуниши ҷониби Душанбе ба ин нома ҳанӯз рӯшан нашудааст.

XS
SM
MD
LG