Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти яке аз ҳамсафони Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов хабар дод



Раҳматкарими Давлат

Ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе дар ноҳияи Ленин Абдувоҳид Ҳамдамов, ки гуфта мешавад, аз аъзои фаъоли гурӯҳҳои худсари мусаллаҳ буд, боздошт шуд. Ҳангоми амалиёти боздошт вай ба кормандони полис муқобилияти мусаллаҳона нишон дод...



Дар ҷараёни амалиёти боздошти Абдувоҳид Ҳамдамов, собиқ муовини фармондеҳи дар қисми ҳарбии 4108-и Вазорати дифоъи Тоҷикистон, ки Мансур Муаккалов фармондеҳи он буд, як афсари полиси Тоҷикистон захмӣ гардид. Ҳамдамов норинҷаки дастиро мунфаҷир сохт ва сардори умури ҷустуҷӯи ҷинои ноҳияи Ленин Азиз Авлиёқуловро маҷрӯҳ кард. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, Ҳамдамов дар чандин ҷинояти сангин ва аз ҷумла иштирок дар муқовимати гурӯҳи Раҳмон Сангинов дар Теппаи Самарқандӣ айбдор дониста мешавад. Ба маълумоти вазорат ҳоло бахши асосии ин гурӯҳ пароканда шуда, баъзе аъзои он аз қаламрави Тоҷикистон берун рафтаанд ва ҳамагӣ 20 нафар бо Раҳмон Сангинов пинҳон мебошанд. Ба гуфти баъзе манбаъҳо боқимондаҳои гурӯҳи мазкур ба ноҳияҳои шарқии кишвар рафтаанд. Идораҳои қудратӣ тахмин мезананад, ки Раҳмон Сангинов дар шаҳри Душанбе пинҳон шудааст ва аз ин рӯ онҳо чораҳои амниятию ҷустуҷӯиро дар пойтахти Тоҷикистон афзойиш додаанд.

XS
SM
MD
LG