Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз ташкили як баталйони нави зиддитеррор дар Тоҷикистон хабар дод



Раҳматкарими Давлат

Ин баталйони нирӯҳои Русия дар заминаи фирқаи 201, ки дар пойтахти Тоҷикистон ҷойгир мебошад, таъсис ёфт. Ба гуфтаи Валентин Орлов, фармондеҳи фирқа, сарбозон ба ин баталйон довталабона ва аз ҷумлаи касоне ҷалб шуданд, ки таҷрибаи ҷанг дар шароити кӯҳсор ва анҷоми вазифаи низомӣ дар ҳолатҳои фавқуллодаро доранд ва дар гузашта хеле аз онҳо дар Тоҷикистон ё нукоти дигар анҷоми вазифа намудаанд. Эҳтимолан бо ташкили ниҳоди нав аз Русия нирӯҳои тоза ба Тоҷикистон ворид хоҳанд шуд.



Фармондеҳи фирқаи 201-и Русия мустақар дар Душанбе аз таъсиси як баталйони вокуниши сареъ, ки ба ҳайати нирӯҳои зидди терористии кишварҳои узви Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дохил хоҳад буд, хабар дод. Таъсиси як нирӯи муштараки муборизакунанда бо зуҳуроти террористӣ дар минтақа тибқи созиши сарони кишварҳои паймони амнияти дастаҷамъӣ, ки ду моҳ пеш дар шаҳри Ереван ҳосил шуда буд, мебояд то аввали август ба анҷом мерасид. Русия танҳо кишвари ширкаткунанда ва саҳмгузор дар ташкили ин нирӯи муштарак дар Осиёи Миёна мебошад, ки воҳиди низомии худро берун аз қаламрави худ ва дар Тоҷикистон таъсис кардааст. Боқӣ се кишвари дигари Осиёи Миёна ба шимоли Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон тибқи муқаррарот ин гуна баталйонҳои худро дар дохили хоки худ омода ва муҷаҳҳаз кардаанд. Ҳадаф аз ҷойгиркунии ин ҷузъи нирӯи муштарак дар Душанбе ба назари мақомоти низомии рус имкони бештари ҳамоҳангсозии амалкардҳо ва амалҳои зуд ин нирӯҳоро бештар таъмин хоҳад кард. Ба ҳамин тартиб ду узви ҷузъияти нирӯи муштараки низомӣ, баталони нирӯҳои русӣ ва баталйони таъиноти хоси ҷониби Тоҷикистон, ки дар заминаи вазорати дифоъ таъсис шудааст, дар Душанбе пойтахт мустақар шуданд. Заробиддин Сироҷов сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, дар наздики ҳам ҷойгир шудани ин ду баталйон имкони ҳамкорӣ ва ҳамоҳангиҳои фаъолияташонро бештар кардааст. Маркази фармондеҳии ин нирӯҳои муштараки зиддитерористӣ дар шаҳри Бишкек пойтахти Қирғизистон амал мекунад. Ба гуфта мақомоти вазорати дифои Тоҷикистон қарор аст, то чанд рӯзи дигар ин нирӯҳои муштараки се кишвари Осиёи Мимёна ва Русия дар шароити кӯҳсори минтақа як манёвр ё озмоиши низомӣ анҷом диҳанд. Маҳали баргузории ин озмоиш низ феълан эълон нашудааст. Аммо бо эҳтимоли зиёд ин машқҳо дар минтақаҳои кӯҳистонии миёни марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки борҳо саҳнаи даргирҳо миёни ҷангиёни исломӣ ва нирӯҳои давлатии Қиризистон будааст баргузор хоҳад шуд ва ба ин муносибат Русия нирӯҳои тозае ба минтақа ворид хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG