Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додоҷони Атовулло ба боздоштгоҳи пешакии Додситонии Нақлиётии шаҳри Маскав интиқол дода шуд



Хоҷаи Мирзода

Сарнавишти номаълуми сардабири рӯзномаи "Чароғи Рӯз" байни экстрадитсия ба Тоҷикистон ва озодӣ дар Русия ва ё Ғарб

Рӯзи шанбе сардабири рӯзномаи "Чароғи Рӯз" Додоҷони Атовуллоҳ аз боздоштгоҳи майдони ҳавоии Шереметъево 1-и Маскав ба боздоштгоҳи пешакии Додситонии Нақлиётии шаҳри Маскав интиқол дода шуд ва аз эҳтимол дур нест, ки то рӯзи душанбе ӯ дар ҳамон ҷо бимонад. Додоҷони Атовуллоҳ шаби панҷум ба шашуми июл ҳангоми вуруд ба Русия дар майдони ҳавоии Шереметево1 боздошт шуд. Тибқи хабарҳо ӯ аз Олмон омада, мебоист барои аёдати модараш ба Тошканд сафар кунад. Гуфта мешавад боздошти Атовуллоҳ бо хоҳиши ҳукумати Душанбе ва бо нақшаи таслими ӯ ба мақомоти Тоҷикистон сурат гирифтааст. Адвокати Додоҷони Атовуллоҳ Андрей Рахмилович 8уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯзи душанбе саркарда додситонии кулли Русия бо масъалаи рӯзноманигори тоҷик машғул хоҳад шуд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд Додоҷони Атовуллоҳ бо ихтилофангезии байнимазҳабиву байниқавмӣ, таҳқири президент дар ҷои ҷамъиятӣ ва даъват ба сарнагунсозии сохти конституционии Тоҷикистон муттаҳам мешавад ва номи ӯро аз моҳи апрел ба ин тараф дар рӯйхати ашхоси мавриди ҷустуҷӯи кишварҳои муштаракулманофеъ шомил намудаанд.

Ба қавли мардуми огаҳ мушкили асосии Додоҷони Атовуллоҳ имрӯз мақолаҳои ӯ дар "Чароғи Рӯз" ва нашрияҳои Русия мебошанд. Бунёди Ҳифзи Ошкорбаёнии Русия аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки нигаронии худро аз сарнавишти рӯзноманигори дигарандеш ба мақомоти Русия расонида, бар зидди истирдоди ӯ ба Тоҷикистон садои эътирозӣ баланд намояд. Бунёд изҳори таассуф мекунад, ки новобаста аз муддати тӯлонии иқомат дар Русия то ҳанӯз ба Додоҷон Атовуллоев расман мақоми паноҳандаи сиёсӣ тақдим нашудааст.



XS
SM
MD
LG