Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти низомӣ бар зидди гурӯҳи Раҳмон Сангинов рӯзи шанбе ҳам идома ёфт



Мирзонабии Холиқзод

Вазорати Умури Дохилии Тоҷикистон: Дар ҷараёни амалиёти дар атрофи деҳаи Теппаи Самарқандӣ, воқеъ дар 9 километрии шарқи шаҳри Душанбе панҷ сарбоз кушта ва нӯҳ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба қавли ҳамин манбаъ, даҳ шуришгари гурӯҳи Раҳмон Сангинов кушта шуданд ва ҳашт нафари дигар ба асорат афтид.

Амалиёти васеъмиқёси низомии неруҳои ҳукумати Тоҷикистон бар зидди гурӯҳи мусаллаҳи мухолифини собиқ таҳти раҳбарии Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов рӯзи шанбе ҳам идома дошт. Вазорати Умури Дохилии Тоҷикистон ба мухбири Франс Пресс иттилоъ дод, ки дар ҷараёни амалиёти дар атрофи деҳаи Теппаи Самарқандӣ, воқеъ дар 9 километрии шарқи шаҳри Душанбе панҷ сарбоз кушта ва нӯҳ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба қавли ҳамин манбаъ, даҳ шуришгари гурӯҳи Раҳмон Сангинов кушта шуданд ва ҳашт нафари дигар ба асорат афтид.

Субҳи рӯзи ҷумъа неруҳои ҳукуматӣ бо истифода аз чархболҳо ва мошинҳои зиреҳпӯш дар самти совхози Роҳатӣ ва ё деҳаи Теппаи Самарқандӣ, қароргоҳи фармондеҳи собиқи Иттиҳоди Неруҳои Мухолифин Раҳмон Сангинов пешрафт намуд. Дар изҳороте, ки Вазорати Умури Дохилии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа интишор намуд, гурӯҳи Раҳмон Сангинов дар тақрибан 400 ҷинояти вазнин ва тахминан 270 куштор муттаҳам дониста шудааст. Ба қавли Вазорати Умури Дохилӣ гурӯҳи Раҳмон Сангинов дар гаравгонгирӣ, муоомилот бо маводи мухаддир ва фурӯши силоҳ даст дошт ва то ҳамин авохир гурӯҳи Сангинов даҳҳо нафарро ба гарав гирифта буд.

Бӯҳрони ахир 11 июн оғоз ёфт. Раҳмон Сангинов гурӯҳе аз ходимони Вазорати Умури Дохилиро ба гарав гирифта, талаб кард, ки ҳукумат ҳамяроқҳои ӯро, ки бо ҷурмҳои вазнин айбдор мешаванд, аз маҳбасҳо озод кунад. Дар пайи ин ҳодиса 15 июн дар ноҳияи Тавилдара яке аз афсарони Вазорати Вазъиятҳои Фавқулодда 11 ходими созмони ғайридавлатии Агроакцияи Олмон, минҷумла се шаҳрванди хориҷӣ ва чор ходими вазорати амниятро бо талаби раҳоии муттаҳамони қатли муовини вазири умури дохилӣ Ҳабиб Сангинов ба гарав гирифт. Пас аз музокирот ҳамаи гаравгонҳо озод карда шуданд ва рӯзи ҷумъа ҳукумат амалиёти поксозии деҳоти зери нуфузи Раҳмон Сангиновро шурӯъ кард.







XS
SM
MD
LG