Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон вайроншавии ҳарими ҳавоии худ ва таркиши якчанд бомба дар Ҳоитро аз ҳақиқат дур номид



Соҷидаи Мирзо

Вазири Дохилии Тоҷикистон Ҳумдин Шарифов дар суҳбат бо бунгоҳи хабарии Азия Плюс, иттилоъи расонаҳои хориҷӣ дар бораи тахриби ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва таркиши якчанд бомба дар Ҳоитро аз ҳақиқат дур номид.

Вазири Дохилии Тоҷикистон Ҳумдин Шарифов дар суҳбат бо бунгоҳи хабарии Азия Плюс, иттилоъи расонаҳои хориҷӣ дар бораи тахриби ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва таркиши якчанд бомба дар Ҳоитро аз ҳақиқат дур номид. У гуфт, ҳеҷ кас ягон бомбаро ба қаламрави минтақаи Ҳоити Тоҷикистон партоб накардааст. 19 июн хабаргузориҳои ИТАР ТАСС, Интерфакс, Ассошиетед Пресс ва Франс Пресс бо иқтибос аз баъзи кормандони вазоратҳои дохилӣ ва дифоъи Тоҷикистон дар ин бора хабар дода буданд. Вазир афзуд, ҳавопаймоҳои мусофирбари кишварҳои дигар тавассути ҳарими ҳавоии Тоҷикистон парвоз мекарданд. Ва парвозе, ки дар атрофи он хабарҳои нодуруст пахш шуданд, ин бор низ парвози маъмулии ҳавопаймои мусофирбар буд. Сухангуи Вазорати Хориҷии Узбакистон Баҳодур Умаров дар ҷавоб ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин бора ягон маълумоте дар даст надорад ва эҳтиёҷе ба шарҳи он низ намебинад. Дар ин миён сухангуи Вазорати Дифоъи Қирғизистон Эрмек Койлубаев ба ИТАР ТАСС гуфт, ки ҳеҷ ҳавопаймо ва ё чархболи Қирғизистон ба ҳарими ҳавоии Тоҷикистон дохил нашудааст. Танҳо ду чархболи нируҳои марзбони Руссия баъди гирифтани иҷозати пешакӣ аз Қирғизистон рузи 19 уми июн аз қаламрави ин кишвар гузашта ба Тоҷикистон ворид шудаанд.

XS
SM
MD
LG