Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти собиқ раиси вилояти Суғд Абдуҷалил Ҳомидов



Илҳоми Ҷамолиён

Раиси собиқи вилояти Суғд ва депутати собиқи парлумони Тоҷикистон Абдуҷалил Ҳомидов ахиран аз ҷониби мақомоти амниятии кишвар боздошт шуд.

Раиси собиқи вилояти Суғд ва депутати собиқи парлумони Тоҷикистон Абдуҷалил Ҳомидов ахиран аз ҷониби мақомоти амниятии кишвар боздошт шуд. Дар ҳоле, ки манбаҳои расмии вилояти Суғд аз шарҳи ин воқеа ва сабаби боздошти ӯ худдорӣ мекунанд, тайид мешавад, ки кормандони вазорати амнияти кишвар Абдуҷалил Ҳомидовро алакай ба шаҳри Душанбе интиқол додаанд. Абдуҷалил Ҳомидов тайи солҳои ахир дар ҷумҳурии Узбакистон буду бош мекард. Сафари навбатии ӯ ба Хуҷанд, ки ба хотири иштирок дар маросими дафни хоҳараш сурат гирифт, бо боздошти ӯ ва толошии ҳавлиаш дар шаҳри Ғафуров анҷом ёфт. Замоне, ки манбаҳои расмиии маҳаллӣ аз шарҳи иллати боздошти Абдуҷалил Ҳомидов, бо баҳонаи он, ки мақомоти марказии амниятӣ бидуни мувофиқа бо сохторҳои интизомии вилоят ин корро анҷом додааст, худдорӣ мекунанд, манбаҳои ғайрирасмӣ дар робита ба ин ҳодиса чанд фарзия пешниҳод менамоянд. Аз ҷумла ба бино ба фарзияи коршиносон Абдуҷалил Ҳомидов ё ба ҷурми ҷиноятҳои иқтисодӣ, ҳангоми ишғоли вазифаи раиси вилоят ва ё иллати ҷосуси ба манфиатҳои кишварҳои ҳамсоя боздошт шудааст. Аммо як манбаи огоҳ, ки нахост номаш зикр шавад мегӯяд, сабаби боздошти Абдуҷалил Ҳомидов ба масъалаи иштироки ӯ дар тарҳрезӣ ва созмондеҳии сӯиқасди амалинагардида, бо ҷони раиси кунунии вилояти Суғд Қосим Қосимов марбут аст. Ин манба гуфтааст, чанд муддат пеш як нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Исмат аз ҷониби кормандони мақомоти интизомӣ боздошт шудааст, ки мебоист ин сӯиқасдро анҷом диҳад. Ӯ ҳангоми бозпурсӣ иқрор шудааст, ки гӯё ташкилкунанда ва созмондиҳандаи ин амал Абдуҷалил Ҳомидов бошад. Абдуҷалил Ҳомидов дар айни хуруҷи ихтилофҳои дохилии Тоҷикистон моҳи августи 1992 раёсати вилояти Ленинобод, ҳоло Суғдро ба ӯҳда гирифт. Дар созмондиҳӣ ва баргузории иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон дар соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд ӯ яке аз чеҳраҳои намоён буд. Моҳи декабри соли 1993 дар баробари мухолифаташ бо ҳукумати марказии Душанбе Абдуҷалил Ҳомидов аз вазифа сабукдӯш гардид. Вақте, ки додситони кулли Тоҷикистон нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣи боз кард, Абдуҷалил Ҳомидов аллакай ба шаҳри Тошкант пойтахти Узбакистон фирор карда дар ин ҷо зиндагӣ ихтиёр намуд. Моҳи октябри соли 1994 дар арафаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ӯ таҷдидан вазифаи раиси вилояти Ленинобод ё худ Суғдро ишғол кард ва даъво намуд, ки чанд муддат барои баланд бардоштани савияи донишаш ба Тошкант рафта буд. Абдуҷалил Ҳомидов соли 1996 дуюмбора аз вазифа сабукдӯш гардид ва то ҳол дар Тошкант ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул буд.

XS
SM
MD
LG