Холидаи ҚодирРаҳбарони шаш кишвари узви Иттиҳоди Муштаракулманофеъ тасмим гирифтанд, ки барои дифоъ аз ҳуҷумҳои гурӯҳҳои тундрав дар Осиёи Марказӣ як нирӯи муштараки зудамал таъсис диҳанд.
Раҳбарони шаш кишвари узви Иттиҳоди Муштаракулманофеъ тасмим гирифтанд, ки барои дифоъ аз ҳуҷумҳои гурӯҳҳои тундрав дар Осиёи Марказӣ як нирӯи муштараки зудамал таъсис диҳанд. Ин тасмим дар мулоқоти раисони ҷумҳурии Русия, Арманистон, Белорус, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар Ереван гирифта шуд. Дастаи зудамал то моҳи август ташкил дода мешавад. Ин нирӯъ дар Бишкек мустақар хоҳад шуд. Дар бораи шумори сарбозон ва ҷузъиёти дигари ин даста маълумот дода нашуд. Президентҳо бунёди чунин нирӯро бахше аз муқовимати қавӣ ва муштарак ба зидди хатароти амниятии минтақа арзёбӣ карданд. Ба гуфтаи лидери Русия Владимир Путин, яке аз ин хатарҳои минтақавӣ тиҷорати маводи мухаддира мебошад. Раҳбарони кишварҳо ҳамчунин гуфтанд, ки онҳо роҳи ҳалли осоиштаи низоъи Афғонистонро ҷустуҷӯ доранд.