Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садамаи нақлиётӣ дар роҳ ба суи Бешкеки Қирғизистон 21 кас ҳалок шуданд



Тоҳири Сафар

Ҷасади 21 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар садамаи нақлиётӣ дар роҳ ба суи Бешкеки Қирғизистон ҳалок шуданд, шоми 18 май ба Тоҷикистон интиқол меёбад. Дар ин бора раиси ситоди вазорати Вазъи Фавқулоддаи Тоҷикистон Рустам Шоев хабар дод.

Ҷасади 21 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар садамаи нақлиётӣ дар роҳ ба суи Бешкеки Қирғизистон ҳалок шуданд, шоми 18 май ба Тоҷикистон интиқол меёбад. Дар ин бора раиси ситоди вазорати Вазъи Фавқулоддаи Тоҷикистон Рустам Шоев хабар дод. Бегоҳи панҷшанбе гуруҳи оҷил иборат аз кормандони ҳифзи тартибот ва намояндагони маъмурияти вилотяи Суғд, ки бо Қирғизистон марзи муштарак дорад ба ҷойи ҳодиса рафтанд. Мусофирони автобусе, ки аз баландии 30 метр ба ҷарӣ сарозер шудааст, сокинони шаҳри Хуҷанд ва Душанбе, асосан тоҷирони хурд буданд. 19 ҷасад рузи аввали садама ва ду ҷасади дигар дар рузи дуввум ошкор шуданд. Онҳое, ки дар ин фалокат захмӣ шудаанд, ба бемористонҳои Қирғиизистон интиқол ёфтанд. Вазорати вазъи фавқулоддаи Тоҷикистон бо ташкили як ситод, шахсияти ҳалокшудагонро муаян намуда барои интиқоли онҳо ҳавопаймо ва нақлиёт омода кардааст.



XS
SM
MD
LG