Хоҷаи МирзодаГуруҳи донорҳои Тоҷикистон аз шаш кишвар ва ҳашт созмони байналмилалӣ иборат буда, мулоқоти машваратии онҳо рӯзи 16 май зери сарпарастии Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Токио доир шуд.
Рӯзномаи маъруфи "Нюйорк Таймс" бо ишора ба муборизаи Тоҷикистон бар зидди фақру камбағалӣ навиштааст: "Ҷомеаи байналмилалӣ ба ин кишвари Осиёи Марказӣ, ки аҳолии он каме бештар аз шаш миллионро ташкил дода, харҷи рӯзонаи тахминан 85 дар сади мардуми он камтар аз як доллари амрикоӣ мебошад, кумаки баробар ба 430 миллион доллар ваъда дод." "Нюйорк Таймс" хотирнишон мекунад, ки гуруҳи донорҳои Тоҷикистон аз шаш кишвар ва ҳашт созмони байналмилалӣ иборат буда, мулоқоти машваратии донорҳои Тоҷикистон дар шаҳри Токио зери сарпарастии Бонки Ҷаҳонӣ доир шуда буд.
Хабаргузории Японии Ҷилӣ Пресс иттилоъ медиҳад, ки ҳукумати Япония бар пояи барномаи зери сарпарастии Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дуву ним миллиард ени японӣ кумаки молӣ интиқол хоҳад кард. Ин маблағ имрӯз тақрибан ба 20 миллион доллари ИМА мусовӣ мебошад. Ҳамин манбаъ гузориш медиҳад, ки рӯзи чоршанбе дар ҷараёни мулоқоти сарвазири Япония Ҷунъичиро Коидзуми бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов амалиёти раҳоии чор шаҳрванди дар Қирғизистон ба гарав гирифта шудаи Япония ба ёд оварда шуд. Ҷунъичиро Коидзуми изҳор намуд, ки соли 1999 Тоҷикистон дар раҳоии чор шаҳрванди Япония нақши муҳим дошт. Сарвазири Япония мегӯяд, ки кишвараш ҳамоно ҷараёни сулҳи Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳад кард.
Хабаргузории Киодои Японӣ навиштааст, ки Эмомалӣ Раҳмонов аввалин раисҷумҳури Осиёи Марказӣ мебошад, ки аз Япония боздиди расмӣ ба амал овард. Киодо таъкид мекунад, ки Эмомалӣ Раҳмонов ба кумакҳо ва дастгирии Тоҷикистон аз тарафи Япония баҳои баланд дод ва афзуд, ки кишвараш дорои захираҳои саршори табиӣ мебошад ва сармоягузориҳои японӣ дар таъмини назму субот ва пешрафти Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд. Президенти Тоҷикистон ҷонибдори он аст, ки равобити Тоҷикистону Япония танҳо бо интиқоли кумак кифоят накарда, бештар доду гирифти баробари иқтисодиро дар бар бигиранд.
Дар сӯҳбат бо хабаргузории Киодо раиси бахши Осиёи Марказии Бонки Ҷаҳонӣ Киёшӣ Кодира гуфт, ки ёрии молии Япония ва Швейцария барои такмили баъзе камбудиҳои низоми молии Тоҷикистон масраф мешаванд. Киёшӣ Кодира илова кард, ки таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалӣ дар нисбати Тоҷикистон ба самти мусбат афзоиш меёбад. Ба қавли ӯ дар мулоқоти гузаштаи донорҳои Тоҷикистон, ки соли 1998 дар шаҳри Париж баргузор гашт, ба ин кишвар 280 миллион доллар кумак ваъда карда буданд. Дар ҳамин ҳол Киодо менависад, ки ҷомеаи байналмилалӣ беҳбуди вазъи бехатарии ҷумҳуриро тасдиқ кунад ҳам, аз мақоми амниятии Тоҷикистон дар ташвиш аст. Соли 1998 чор нозири СММ ва тарҷумони онҳо дар минтақаи Лаби Ҷари Тоҷикистон ба қатл расиданд. Яке аз онҳо профессор Ютака Акино шаҳрванди Япония буд.
Хабаргузориҳои Тоҷикистон асосан дар бораи имзои созиши дӯстиву ҳамкорӣ миёни Японияву Тоҷикистон ва ташкили Ассоциация Япония- Тоҷикистон маълумот додаанд.