Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди Ғалаба бар фошисми ҳитлерӣ дар шаҳри Душанбе бе тантанаҳои калон ҷашн гирифта шуд



Сайидқосими Қиёмпур, Мирзои Салимпур

Табрикҳои Иди Ғалаба ба дили собиқадорони Ҷанги Дуюми Ҷаҳон намегунҷанд, зеро онҳо аз ҳама зиёд ба андешаи нону оби имрӯз ва фардо саргардон буда, дар вазъи сангине ба сар мебаранд.



Ҷалил Худоёров, собиқ сарбози артиши шӯравӣ, ки ба гуфти худаш дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон аз Карело-Финн то дарвозаҳои Берлин бар зидди фошисм ҷангидааст, рӯзи 9-уми май дар назди як дарвозаи дигар, дарвозаи Чаҳорбоғи марказии шаҳри Душанбе, ордену медалҳо дар сари сина кафи худро ба марҳамати раҳгузарон дароз карда буд, то барои нони онрӯза дираме ба даст орад. Сарнавишти бисёре аз собиқадорони ҷанги зидди фошисм имрӯз ба вазъи кӯҳансолоне чун Ҷалил Худоёров монанд аст. Ҳоло аз садҳо ҳазор ширкаткардагони он ҷанг дар Тоҷикистон ҳамагӣ 11 ҳазор нафар боқӣ мондааст, ки аз онҳо танҳо дар рӯзи иди Ғалаба ёд мешавад. Аз сӯйи дигар ҷавонону наврасон бар асари камсаводӣ, хотираҳои пуршиддати ҷанги солҳои охир ва таблиғоти матбуоти Русия, ки ин ғалабаро танҳо моли халқи рус меномад, ба санаи мазкури таърихӣ эътибор намедиҳанд ва дар бораи иштироки шаҳрвадони Тоҷикистон дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ва сафарбарии иқтисодиёти кишвар, гуруснагию қаҳтии солҳои ҷанг маълумоти кофӣ надоранд. Дар рӯзи иди паёми табрикии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба унвони иштироккардагони ҷанг нашр шуд ва дар Чаҳорбоғи шаҳру Кӯли Комсомол намоишҳои консертӣ баргузор гардид. Вале гумон аст, ин рақсу суруд ба дили собиқадорони ҷанг гунҷида бошад, зеро онҳо аз ҳама бештар ба андешаи нону оби имрӯз ва фардои худ буда, дар вазъи сангин ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG