Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари навбатии президенти Тоҷикистон ба Ҳиндустон



Мирзонабии Холиқзод

Аз 9-ум то 11-уми май президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар Ҳиндустон сафари расмӣ анҷом хоҳад дод. Дар бораи барномаи ин сафар дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.



Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз нуҳум то ёздаҳуми май дар Ҳиндустон сафари расмӣ анҷом медиҳад. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсатюумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода, гуфтааст, мақсади сафар тарҳрезии ояндаи равобити ду кишвар дар матоъи муносибатҳои минтақавӣ ва байнулмилалист. Ин сафари дуюми президент Раҳмонов ба Ҳиндустон аст. Бори аввал сарвари Тоҷикистон дар соли 1995 ба Ҳиндустон сафар карда буд. Моҳи январи соли 1999 ҳангоми сафар ба Вйетнам президент Раҳмонов дар Деҳлӣ бо мақомоти олии Ҳинд мулоқоти кӯтоҳ дошт. Вале ба сурати куллӣ ҳамкориҳои ду кишвар ба сатҳи дорои аҳамияти стратегӣ нарасидаанд ва дар иқтисодиёти Тоҷикистон Деҳлӣ сармоягузории фишурда дорад. Ҳиндустон рақиби таърихии Покистон буда, дар ҷанги Афғонистон аз иттиҳоди зидди Толибон пуштибонӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG