Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз се шаҳрванди Тоҷикистон аз таркиши мина дар марз бо Ӯзбакистон ба ҳалокат расиданд



Сайидқосими Қиёмпур

Се сокини ноҳияи Панҷакети Тоҷикистон дар минаҳои фаршкардаи марзбонони Ӯзбакистон таркида, ба ҳалокат расиданд. Ҷасади онҳо танҳо дар рӯзи дуюми воқеъа аз ҷониби марзбонони Тоҷикистон кашф гардид. Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳанӯз хатти марзи миёни ҳамдигарро дақиқ ва аломатгузорӣ накардаанд.



Се сокини деҳаи Туркироҷи ноҳияи Панҷакент ҳангоми гузаштан аз марзи Ӯзбакистон ба Тоҷикистон дар мина таркида ба ҳалокат расиданд. Онҳо афроде буданд, ки аз мардикорӣ бармегаштанд ва ба хотири ғорат нашудан аз тарафи марзбонони Ӯзбакистон аз роҳи кӯҳсор ба ватан баргаштан хостанд.Ҷасади онҳо як рӯз баъди воқеъа аз тарафи марзбонони тоҷик кашф шуд. Мақомоти марзбонии тоҷик ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ба ин тартиб шумораи ҳалокшудагон 36 ва захмиён то 60 нафар расид. Аз инҳо танҳо як нафар марзбони тоҷик буда, бақия шаҳрвандони оддӣ мебошанд ва танҳо се нафари охир ҳангоми амалан гузаштан аз марз дар мина таркиданд. Боқимондагон ё ҳангоми ҳезумчинӣ ва ё шикору сайругашт ба минаҳо бархӯрдаанд. Мақомоти додситонии Тоҷикистон дар бораи ҳамаи ин рӯйдодҳо парвандаи ҷиноӣ боз карда бошад ҳам, ягон масъули ҳалокати шаҳрвандон ба ҷазо кашида нашудааст. Бар замми ин ахиран ҳадафи тирпаронӣ қарор гирифтани марзбонони тоҷик ва шаҳрвандони оддии Тоҷикистон аз ҷониби марзбонони Ӯзбакистон афзойиш ёфта, дар асари чунин воқеъаҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид. Таркиши минаҳо дар марз дар ҳоле ба амал меояд, ки Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳанӯз хатти марзро дақиқ ва аломатгузорӣ накардаанд.

XS
SM
MD
LG