Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Тоҷикистон тарафдори равобити густардаи кишвараш бо Иёлоти Муттаҳида ва давлатҳои Осиёи Ҷанубист



Сайидқосими Қиёмпур

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар паёми солонаи худ ба мардуми Тоҷикистон вазъи феълии ҷамъиятию сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоиро шарҳ дода, аз баъзе самтҳои нав дар сиёсати хориҷии кишвар сухан гуфт.





Рӯзи душанбе дар раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар баробари вакилони мардумии ҳарду парлатаи парламенти Тоҷикистон аз ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ ва омодагии кишвар ба бозгардони қарзҳои хориҷӣ сӯҳбат кард. Вай гуфт, ин қарзҳо асосан аз солҳои 1992 ва 1994 боқӣ монда, 850 миллион долларро ташкил медиҳанд. Аммо манбаъҳои мустақил қарзи берунаи Тоҷикистонро 1,5 миллиард доллар номбар мекунанд. Дар баробари пешрафти иқтисодӣ ва ба кору тавлид шурӯъ кардани корхонаҳои саноатӣ манбаъҳои мазкур бар инанд, ки дар ин ҳолат намебоист сатҳи бекорӣ баланд гашта, қариб 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар ҷойи кор ҷустуҷӯ кунад. Президент Раҳмонов бори аввал зикр намуд, ки Тоҷикистон бояд бо Иёлоти Муттаҳида робитаҳои наздик эҷод кунад. Дар баробари ин бояд бо давлатҳои пешрафтаи Осиёи Ҷанубӣ низ. Аммо барои ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва сармоягузорон бояд дар кишвар амнияти тамом ҳукмфармо гардад. Президенти Тоҷикистон аз он изҳори норозигӣ кард, ки дар ҷиноятҳо афроди мақомоти интизомӣ низ иштирок доранд. Аз ҷумла дар қочоқи маводи мухаддир. Эмомлаӣ Раҳмонов аз кормандони ин риштаҳо талаб кард, ки сафҳои худро аз чунин афрод поксозӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG