Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба се тарафдори Маҳмуд Худойбердиев



Мирзонабии Холиқзод

Се нафар аз тарафдорони полковники шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев бо қарори Коллегияи ҳарбии Додгоҳи Олии Тоҷикистон барои иштирок дар воқеъаҳои ноябри соли 1998 ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе се тарафдори полковники собиқи вазорати дифоъи Тоҷикистон Маҳмуд Худойбердиев Иззатуллоҳ Неъматов, Аскарҷон Абдуғаффоров ва Раҳимбек Бӯриевро ба 19 то 23 соли маҳбас маҳкум кард. Ноиби раиси коллегияи ҳарбии Додгоҳи Олии Тоҷикистон Иззатуллоҳ Ҷабборов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин се нафар дар узвият ба гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ ва кӯшиши бо роҳи зӯрӣ ба даст овардани ҳокимият айбдор дониста шуданд. Вай афзуд, худи айбдоршавандагон ба ин ҷурмҳо иқрор карданд, вале дар бораи тасдиқ ва ё радди гуноҳи номбаршудагон аз тарафи шоҳидони айнӣ маълумот надода, инро зикр кард, ки номи маҳкумшудагон аз китоби ҳайъати низомии баталйони собиқи Маҳмуд Худойбердиев маълум гардидааст. Ҷаноби Ҷабборов афзуд, ҳар се маҳкумшуда баъди шикасти шӯриши полковник Худойбердиев дар як пойгоҳи ҳарбӣ дар наздикии "Ташкентское море", атрофи Тошканд, пойтахти Ӯзбакистон нигоҳ дошта мешуданд ва пас аз бозгашташон ба хонаҳои худ аз тарафи мақомоти интизомӣ ба ҳабс гирифта шуданд. То ҳол 65 нафар аз сарбозони собиқи баталйони Худойбердиев бо айбномаи ширкат дар шӯриши зиддидавлатӣ дар моҳи ноябри соли 1998 ҳукми додгоҳ гирифта, 4 нафар аз онҳо ба қатл маҳкум шудаанд. Ноиби раиси коллегияи ҳарбии Додгоҳи Олии Тоҷикистон Иззатуллоҳ Ҷабборов ба хабарнигори мо гуфт, боздошти ширкаткунандагони ин воқеъаҳо то ҳол идома дорад.

XS
SM
MD
LG