Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талбак Назаров бо Аскар Оқоев мулоқот намуд



Соҷидаи Мирзо

Дар ин мулоқот масоили дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва мавҷудияти гуруҳҳои террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Вазири хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров, ки сафари кориеро дар Бешкек, пойтахти Қирқизистон анҷом дод, субҳи 13 апрел бо президенти ин кишвар Аскар Оқоев мулоқот намуд. Дар ин мулоқот масоили дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва мавҷудияти гуруҳҳои террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ шуд. Ҷаноби Назаров раиси ҷумҳури Қирғизистонро мутмаъин сохт, ки ҷангиёни Харакати Исломии Узбакистон дар қаламрави Тоҷикистон вуҷуд надоранд. Сафари Талбак Назаров ба Қирғизистон ба думболи изҳороти бамаротиби мақомоти ин кишвар ҷарён гирифт, ки манотиқи шарқии Тоҷикистонро пойгоҳи аслии Ҷангиёни Ҷумъаи Намангонӣ арзёбӣ мекунанд.

Оё ба Талбак Назаров муяссар шуд, ки ҷониби қирғизро ба набудани ҷангиёни исломи дар қаламрави кишвари худ пурра мутмаъин кунад? Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Бишкек Ойдинбек Аҳмадов гуфт:

"Талбак Назаров дар мулоқот бо ҳамтои худ Муроббек Имоналиев ва дар нишасти матбуотии баъди он гуфт, ки ягон размандаи Ҳаракати исломии Узбакистон дар қаламрави Тоҷикистон буду бош надорад. Манобеъи амниятии Қирғизистон қаблан изҳор доштанд, ки дар бораи мавҷудияти пойгоҳҳои низомии ин ҷингиён дар шарқи Тоҷикистон иттилоъи дақиқ гирифтаанд. Онҳо ба шарҳи Талбак Назаров дар ин робита оптимизми эҳтиёткорона доранд. Худи Талбак Назаров низ гуфт, ки марзи якуним ҳазор киломтрӣ бо Афғонистон пурра контрол намешавад ва ҳам ҷангиён ва ҳам қочоқбарони маводи мухаддир бо истифода аз пайроҳаҳои куҳӣ ба Тоҷикистон ворид мегарданд.

Ба назари хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ: "Вазири хориҷии Тоҷикистон ба ҷониби қирғиз пешниҳод кард, ки ҳайъати ин кишвар сафари омузишиеро дар манотиқи шарқии Тоҷикистон анҷом диҳад то мутмаъин шавад, ки ҳеҷ гурҳи низомӣ дар Қаротегини Тоҷикистон буду бош надорад. Ҷониби Қирғизистон мегуяд, ки ин пешниҳодро мавриди омузиш қарор хоҳад дод. Аммо то омадани Талбак Назаров кумаитаи амнияти парлумони Қирғизистон баён дошт, ки гуруҳҳои ҷангӣ аз 20б 30 нафар иборантанд ва ба осонӣ бо мардуми маҳаллӣ омехта мешаванд."

Дар ҷараёни мулоқоти Талбак Назаров бо мақомоти қирғиз зикр гардид, ки дар марҳилаи феълии равобит, ҳамкорӣ дар соҳаи рушди инфраструктури нақлиёт, гидроэнергетика ва аломатгузории марзи миёни ду кишвар нақши калидӣ дорад. Вазири хориҷии Тоҷикистон аз Бишкек ба Қазоқистон сафар кард.

XS
SM
MD
LG