Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, чаҳор гумонбаршудаи куштори Ҳабиб Сангиновро ба ҳабс гирифтаанд



Сайидқосими Қиёмпур

Ба гуфтаи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Ҳумдин Шарифов соҳибони автомбилҳои шубҳаноке, ки тайи чанд рӯз пеш аз сӯиқасд дар маҳалли воқеъа ба мушоҳида расидаанд, маълум гаштаанд.



Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон чаҳор нафарро, ки дар куштори муовини аввали вазири умури дохилӣ генерал-майор Ҳабиб Сангинов гумонбар мешаванд, боздошт карданд. Ҳумдин Шарифов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12 апрел дар баробари хабарнигорон гуфт, ҳамчунин чанд мошини сабукраве, ки рӯзҳом охир дар ин маҳал пайдо шудаанд, муқаррар гаштанд ва имрӯз метавон гуфт, баъзе аз онҳо ба ин сӯиқасд бастагӣ доранд. Ӯ афзуд аз субҳи рӯзи чоршанбе аз ҷониби вазорати умури дохила, вазорати амният ва додситонии кул тафтишоти ҷиддии ин куштор шурӯъ шудааст ва имкон дорад, рӯзҳои наздик қотилони Ҳабиб Сангинов ба маҳкама кашида шаванд. Дар маросими видоъ бо муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон Ҳабиб Сангинов, ки дар масҷиди ҷомеи маҳаллаи Калинин баргузор гашт, гирдиҳамомадагон талаб карданд, ки қотилони ин марди фидоӣ ҳарчӣ зудтар боздошт шаванд. Қайд гардид, ки генерал Сангинов ҳамеша барои оромии кишвар ва поксозии он аз афроди ҷинойи талош мекард ва ин афрод хуб дарк намуданд, ки ба ҷуз куштан наметавонанд аз ӯ амон биёбанд. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо қатъият гуфт, қотилони Ҳабиб Сангинов беҷазо нахоҳанд монд.

XS
SM
MD
LG