Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон таъсиси нерӯҳои муштараки зудамал дар Осиёи Марказиро дастгирӣ мекунад



Хоҷаи Мирзода

Дабири кулли Шурои Амнияти Кишварҳои муштаракулманофеъ Валерий Николаенко барои тарҳрезии масъалаҳои ҷаласаи ин ниҳод дар шаҳри Ереван дар моҳи маи соли равон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар кардааст.

Ҳангоми сӯҳбат бо дабири Шӯрои Амнияти Дастаҷамъии Кишварҳои Муштаракулманофеъ, дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов аз номи ҳукумат изҳор намуд, ки Тоҷикистон таъсиси нерӯҳои муштараки зудамал дар Осиёи Марказиро дастгирӣ намуда, дар ташкили он фаъолона ширкат меварзад.

Дабири кулли Шурои Амнияти Кишварҳои муштаракулманофеъ Валерий Николаенко барои тарҳрезии масъалаҳои ҷаласаи ин ниҳод дар шаҳри Ереван дар моҳи маи соли равон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар кардааст. Дар Душанбе, номбурда рӯзи шанбе бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров ва вазири мудофиаи Шералй Хайруллоев вохӯрда, аз ҷумла масъалаи Афғонистонро баҳс намуд. Валерий Николаенко ба хабарнигорон гуфт, воҳиди низомии зудамал дар Осиёи Марказӣ, ки ҳадаф аз он "муқовимат ба шӯришгарони исломӣ" мебошад, бояд то тобистони соли равон таъсис дода шавад. Ба қавли Николаенко чор кишвар: Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон як баталиёниро барои ташкили неруҳои муштараки зудамал ирсол хоҳанд кард.

Бар иловаи чор кишвари ёдшуда Арманистону Беларус ҳам узви паймони мудофиаи муштараки кишварҳои муштаракулманфоеъ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG