Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Матбуот: Соли 2000 ва фишори ҳукуматҳо болои матбуот



Дон Ҳил

"Ба мақомоти расмӣ роҳҳои зиёди фишор болои матбуот вуҷуд дорад. Масалан, бо баҳонаи андоз фишор овардан ба рӯзномаоҳи танқидгар , ва ё ҳабси хабарнигорон, надодани иҷозаи вуруд ба онҳо, таҳдидҳо, зангҳои телефон дар нимашаб ва ғайра."

Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Матбуот, ки дар Вена қароргоҳ дорад, мегӯяд, дар соли 2000ум дар чандин кишвари олам, ҳукуматҳо барои фишор болои матбуот аз роҳу василаҳои гуногун кор гирифтанд. Ахиран, ин пажӯҳишгоҳ баррасии солонаи худро дар бораи вазъи матбуот дар кишварҳои ҷаҳон нашр намуд. Дар ин гузориш аз ҷумла, фишорҳои ҳукуматҳо болои фаъолияти хабарнигорон ва васоили ахбор дар Аврупои Марказиву Шарқӣ мавриди танқид қарор гирифтааст. Таҳлилгари умури Аврупои Марказиву шарқӣ дар Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Матбуот Умар Оғуз дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт:

"Ба мақомоти расмӣ роҳҳои зиёди фишор болои матбуот вуҷуд дорад. Масалан, бо баҳонаи андоз фишор овардан ба рӯзномаоҳи танқидгар , ва ё ҳабси хабарнигорон, надодани иҷозаи вуруд ба онҳо, таҳдидҳо, зангҳои телефон дар нимашаб ва ғайра."

Дар баррасии солонаи пажӯҳишгоҳ омадааст, ки дар соли 2000ум 56 хабарнигор ҳангоми иҷрои вазифа кушта шуданд. Аз ҷумла, 6 нафари онҳо дар Русия ба ҳалокат расиданд. Пажӯҳишгоҳ Русияро хатарноктарин кишвари аврупоӣ барои хабарнигорон ва дар миқёси ҷаҳонӣ дуввумин кишвари пурхатар барои матбуот арзёбӣ кардааст. Дар ин рӯихат дар ҷои аввал Колумбия қарор дорад. Дар мавриди вазъи матбуот дар Югославия гуфта мешавад, ки баъди аз қудрат рафтани президент Слободан Милошевич фазои кори васоили ахбор худ ба худ тағйир ёфт. Матбуоту радиову телевизион, ки зери контроли ҳукумат буданд ва чун дастгоҳи таблиғи Милошевич истифода мешуданд, баъди шикасти ӯ, барномаҳои худро тағйир доданд. Вале пажӯҳишгоҳ менависад, ҳукумати нави Сербия қонунҳои мавҷударо, ки озодии мабуотро маҳдуд мекунад, бояд расман тағйир диҳад. Ҳукумати Русия барои фишорҳо болои сармоядорони соҳиби васоили ахбор Владимир Гусински ва Борис Березовски интиқод мешавад. Ҳамчунин дар баррасии вазъи матбоут омадааст, ки дар замони фалокати киштии зериобии Курск августи соли гузашта Маскав кӯшиш кард, ки паҳншавии маълумоту хабарро дар ин бора таҳти контроли худ дошта бошад. Баъди як моҳи ғарқшавии Курск, ҳукумати Русия ҳуҷҷатеро бо номи Доктринаи Амнитяи маълумот дар Федератсияи Русия нашр намуд. Умар Оғуз мегӯяд: "Мисоли дигар муаррифии доктринаи амнияти маълумот аст, ки ба фикри ман навъе қадам ба ақиб, ба даврони шӯравӣ аст, зеро ин ҳуҷҷат монеаи пахши озоди маълумот мешавад."

Зимнан, президенти Қазоқистон Н. Назарбоев ва президенти Тоҷикитосн Э. Раҳмонов низ аз доктринаи нави Русия дар мавриди амнияти маъмулот ҷонибдорӣ мекунанд.

Ин пажӯҳишгоҳ дар гузориши худ ҳамчунин кӯшиши маскавро барои контроли маълумот дар мавриди Чеченистон интиқод мекунад ва хабарнигори Радиои Озодӣ Андрей Бабитскиро намуна меоварад, ки барои гузоришҳо аз воқеиятҳои ҷанги Чеченистон чанд ҳафтаро дар зиндон сипарӣ кард.

Дар Украина низ хабарнигорони мустақил ва ё мухолифи ҳукумат фазои озоди фаъолият надоранд. Онҳо маъмулан, бо хушунат ва монеагузории мақомоти адлия рӯ ба рӯ мешаванд. Мисоли Украина сарнавишти хабарнигор Ҳеорҳи Гонгадзе аст, ки ҷисми бесари ӯро пайдо кардаанд. Дар мавриди Белорус Умар Оғуз мегӯяд:

"Дар Белорус мо шоҳиди проблемаҳои ҷиддӣ шудем, идораи табъу нашри Маҷик, ки аксари нашрияҳои мустақил он ҷо чоп мешаванд, зери фишор буд. Ба ин идора аз додгоҳ дастурҳо мерасид, амволи он аз ҷониби мақомоти марбута мусодира мешуданд ва ин ҳама албатта чопи нашрияҳоро бо мушкилот рӯ ба рӯ месохт."

Дар Қазоқистон бо фишори ҳукумати президент Нурсултон Назарбоев якчанд нашрия ва хабарнигорони радио барои гузоришҳояшон дар мавзӯъи фасодкорӣ ба хомӯшӣ маҷбур карда шуданд. Як хабарнигор аз кор сабукдӯш гардид ва ҳамкори ӯ мавриди латукӯб қарор гирифт.

(Баргардони Холидаи Қодир)

XS
SM
MD
LG