Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳои кутоҳ аз Тоҷикистон



Салими Аюбзод

Гуфтугӯи телефонии Раҳмонов ва Путин, интихоботи нав дар се ҳавзаи овоздиҳӣ, ҳабси се нафар бо айбномаи узвият дар Ҳизби Таҳрир...

Дар гуфтугӯи телефонии райиси ҷумҳури Тоҷикистон Имомалӣ Раҳмонов ва президенти Русия Владимир Путин шоми сешанбе масъалаҳои омодагӣ ба нишасти сарони форуми Шанхай ва густариши ҳузури иқтисодии Русия дар Тоҷикистон аз тариқи сармоягузорӣ ба тавлиди барқи обӣ ва ба риштаи кишоварзӣ баррасӣ шуданд.

Кумисюни марказии интихоботии Тоҷикистон эълон кард, ки интихоботи нав дар се ҳавзаи овоздиҳии воқеъ дар ноҳияи Данғара ва шаҳрҳои Ғафурову Душанбе рӯзи 27уми май баргузор мешавад.

Се шаҳрванди Тоҷикистон бо айбномаи узвият дар Ҳизби Таҳрир рӯзи чоршанбе дар пойтахти кишвар боздошт шуданд. Як рӯз пеш аз ин воқеъа як шаҳрванди дигар дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамин айбнома ҳабс гардид.

Дар қатори роҳи оҳани Душанбе--Маскав панҷ кило ҳеройин кашф ва мусодира шуд.

Ҳайъати Барномаи Милали Муттаҳид дар назорат ба гардиши маводи мухаддир якҷо бо сарони вазоратҳои интизомии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чораҳои мубориза бо интиқол ва истеъмоли маводи мухаддирро дар ин ҷо баррасӣ намуд.

XS
SM
MD
LG