Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду узви гурӯҳи исломии Ҳизб-ут-Таҳрир ба ҳабс маҳкум шуданд



Саиди Сабоҳ

Ҳукми ҳабси рӯзи гузашта дар додгоҳи вилояти Суғд содир гардид.

Милитсияи Тоҷикистон баён кард, ки ду узви гурӯҳи исломии Ҳизб-ут-Таҳрир ба итиҳоми кушиш барои сарнагуни ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмонов ба 8 ва 9 сол ҳабс маҳкум шуданд. Онҳо аз ҷумла касоне мебошанд, ки дар натиҷаи иқдомоти ҳукумат алайҳи шӯришгарони исломӣ дар як соли гузашта боздошт шуданд. Ҳукми ҳабси рӯзи гузашта дар додгоҳи вилояти Суғд содир гардид. Кормандони милитсия изҳор намуданд, ки то кунун 37 шӯришгари исломӣ маҳкум шуданд. Тибқи баёноти онҳо, 30 нафар интизори додгоҳ мебошанд ва 33 нафари дигар дар боздошти қарордошта таҳқиқот дар бораи онҳо идома дорад. Гуфта мешавад, ки Ҳизб-ут-Таҳрир барои ташкили давлати исломӣ дар Осиёи Марказӣ кӯшиш дорад.

XS
SM
MD
LG