Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифоъи Ирон аз Душанбе дидан кард



Мирзонабии Холиқзод

Тоҷикистон, Ирон ва Русия ба хотири амният дар минтақа ҳамкорихои сеҷонибаеро оғоз хоҳанд кард.

Тоҷикистон, Ирон ва Русия ба хотири амният дар минтақа ҳамкориҳои сеҷонибаеро оғоз хоҳанд кард. Дар ин бора вазири дифоъи Ирон Алии Шамхонӣ пас аз мулоқоташ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон иброз дошт. Вазири дифоъи Ирон ҳамчунин афзуд, дар рафти вохӯриҳо бо мақомоти тоҷик масоили муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва қочоқи маводи мухаддирро низ баррасӣ намудааст. Бино ба гуфтаҳои вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев интизор меравад, ки афсарони тоҷик дар макотиби ҳарбии Ирон таҳсил кунанд ва ҷониби Ирон яке аз фурудгоҳҳои ҳарбии Тоҷикистонро тармим кунад. Таҳлилгарон бар онанд, ки шояд Русия мусоидат карда бошад, то сафари вазири дифоъи Ирон ба Тоҷикистон сурат гирад ва меафзоянд гуфтан мушкил аст, ки тасмимҳои гирифтаи ҷонибҳо амалӣ шавад. Вазири дифоъи Ирон ба Теҳрон баргашт ва қарор аст 11 март ҳамроҳи президенти Ирон Мухаммад Хотамӣ бо сафари расмӣ ба Маскав равад.

XS
SM
MD
LG