Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол аз Тоҷикистон 2500 нафар ба Ҳаҷ мераванд



Холидаи Қодир

Зоирони тоҷик ба зиёрати Каъба рафтанд аммо гуфта мешавад, ки теъдоди онҳо дар муқоиса бо солҳои қаблӣ камтар аст.

Теъдоди ҳоҷиёни Тоҷикистон, ки дар мавсими имсола ба зиёрати ҳаҷ мераванд, дар муқоиса бо солҳои қаблӣ камтар аст. Сарвари кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон Саид Аҳмадов мегӯяд, ки имсол аз Тоҷикистон дувуним ҳазор нафар ба ҳаҷ мераванд. Соли гузашта теъдоди зоирон ҳазор нафар бештар буд. Ҷаноби Аҳмадов гуфт, ки сабаби камшавии шумори онҳо мушкили иқтисодӣ мебошад. Нахустин дастаи зоирони Тоҷикистон дирӯз озими Арабистони Саудӣ шуд.

XS
SM
MD
LG