Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 экспонати Тоҷикистон дар намоишгоҳи баӣналмилалии ЭКСПО 2000 "гум шудааст"



Саидқосими Қиёмпур

Додситонии Тоҷикистон дар мавриди гум шудани нигораҳои таърихӣ аз намоишгоҳи баӣналмилалии ЭКСПО 2000-ум парвандаи ҷиноӣ оғоз намуд.

Додситонии Тоҷикистон дар мавриди гум шудани нигораҳои таърихӣ аз намоишгоҳи баӣналмилалии ЭКСПО 2000-ум парвандаи ҷиноӣ оғоз намуд. Тавре аз додситонии кулли кишвар ба мо иттилоъ доданд, баъди ба Душанбе овардани експанатҳои намоишгоҳ, ки тирамоҳи соли гузашта дар шаҳри Ҳановери Олмон баргузор гардид, ошкор шуд, ки 12 нигора ғайб задааст. Раиси пажӯишгоҳи таърихи Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон Раҳим Масов дар сӯҳбат ба мо гуфт, ҳамаи 12 нигораи гумшуда зару зевари занона моли Осорхонаи Етнографии пойтахтанд. Аксари онҳо дар асрҳои 18 ва 19 тавлид шуда қимати гарону аҳамияти таърихиву фарҳангӣ доранд. Ӯ ҳамчунин гуфт, дар даҳ солаҳои охир чунин воқеа бори аввал рух додааст. Мақомоти додситонӣ дар сӯҳбат бо мо гуфтанд, ки тибқи тафтишоти пешакӣ 12 нигора дар Олмон фурӯхта шудаанд ва шояд дар ин кор раиси намоишгоҳи Тоҷикистон дар ЭКСПО 2000-ум, корманди масъули палатаи тиҷоратии Тоҷикистон Муфаззал Гадоев даст дошта бошад. Аммо дар палатаи тиҷорат аз гум шудани нигораҳои таърихӣ изҳори беитилои намуданд. Худи Муфаззал Гадоев дар сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ иттиҳомро дар бораи даст доштанаш дар гум шудани нигоравҳо қатъӣ рад кард ва гуфт, дар рафти рӯз бо мо мулоқот ороста андешаҳои худро дар ин бора иброз медорад. Аммо дубора пайдо намудани Муфаззал Гадоев муясар нагашт. Коршиносон мегӯянд, ғайб задани нигораҳои таърихӣ аз намоишгоҳ яке аз даҳҳо ҳаводиси марбут ба фурӯши ғайриқонунии бойгариҳои таърихиву фароҳангии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аст. Тайи солҳои ахир ҳазорон тангаҳои қимматбаҳо, китобҳои нодир, асбобу ашёи қарнҳои пеш бидуни иҷоза аз ҷумҳурӣ берун шудаанд. Ахиран Ҷаҳон Рузиев собиқ раиси кумитаи сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ фурӯхтани 13 санги гаронбаҳо ва дигар ҷиноятҳо ба қатл маҳкум шуд. Саидвали Узбеков собиқ вакили парламенти Тоҷикистон чанд санги қиматбаҳоро аз осорхонаи Эрмитажи Санкт-Петербург гирифта онҳоро дар Исроил ба маблағи наздики 60 миллион доллар фурӯхт ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҷустуҷуи ӯро то имруз идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG