Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси форуми Шангҳай дар Бишкек



Саиди Сабоҳ

Маҷлиси ду рӯзаи мутахассисони панҷ кишвари узви форуми Шангҳай, ки аз Қирғизистон, Русия, Чин, Қазоқистон ва Тоҷикистон иборат мебошад, имрӯз дар пойтахти ҷумҳурии Қирғизистон, Бишкек оғоз гардид.

Маҷлиси ду рӯзаи мутахассисони панҷ кишвари узви форуми Шангҳай, ки аз Қирғизистон, Русия, Чин, Қазоқистон ва Тоҷикистон иборат мебошад, имрӯз дар пойтахти ҷумҳурии Қирғизистон, Бишкек оғоз гардид. Онҳо дар бораи ташкили маркази мубориза алайҳи тероризм баҳс мекунанд. Муовини раиси шӯрои амнияти Қирғизистон генерал Асирбек Мамиев дар маҷлиси имрӯза баён кард, ки ҳамакнун дар ҳудуди 1500 то 2000 шуришгарони мусаллаҳ дар хоки Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки барои ҳуҷум ба Қирғизистон омода мебошад. Ӯ афзуд Қирғизистон интизор дорад, ки ҳуҷуми имсола нисбат ба солҳои 1999-2000 пештар шуруъ хоҳад шуд. Форуми Шанҳай таввасути кишварҳои зикршуда дар моҳи апрели 1996 ташкил гардид ва Ӯзбекистон дертар ҳамчун нозир дар он шомил шуд.

XS
SM
MD
LG