Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ раиси кумитаи сангҳои кимматбаҳо ба марг маҳкум шуд



Саидқосими Қиёмпур

Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳукми эъдоми собиқ раиси кумитаи сангҳои кимматбаҳои кишвар Ҷаҳонгир Рузиев ва ҷияни у Шавкат Рузиевро содир кард.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳукми эъдоми собиқ раиси кумитаи сангҳои кимматбаҳои кишвар Ҷаҳонгир Рузиев ва ҷияни у Шавкат Рузиевро содир кард. Ҷаҳонгир Рузиев, собиқ фармондеҳи Фронти Халқӣ моҳи апрели соли гузашта ба иттиҳоми куштори чанд нафар ва қочоқи сангҳои қимматбаҳо дар Душанбе боздошт шуд. Гуфта мешавад, ки у дар ҳамдастӣ бо баъзе аз масуълони ҳукумати Тоҷикистон сангҳои қимматбаҳоро аз кишвар ба хориҷ бурдааст. Ҷияни у Шавқат Рузиев, ки дар содир намудани ҷиноятҳо бо Ҷаҳонгир ҳамдастӣ доштааст, низ ҳукми қатл гирифт. Аъзои дигари гуруҳи Рузиев, ба муддати 5, 10 ва 13 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Аз оғози соли нави 2001ум Додгоҳи Олии Тоҷикистон 8 гумонбаршудаи ҷинояҳтҳои мухталифро ба марг маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG