Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аслиддин Соҳибназаров аз вазифаи ноиби аввали кумитаи андоз озод шуд



Мирзонабии Холиқзод

Фармони президент мегӯяд, озодӣ аз вазифа дар робита бо бознишастагист. Аммо муовини Ҳизби Демократӣ Соҳибназарови 61 сола бар он аст, ки ҳукумат охирин намояндагони оппозитсияро барканор мекунад.

Ахиран раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо судури як қарор Аслиддин Соҳибназаров, ноиби аввали кумитаи андози кишвар, яке аз ҷеҳраҳои шинохтаи сиёсии Тоҷикистонро аз вазифааш сабукдуш кард. Ҳукумати Тоҷикистон бинобар бознишастагӣ 6 нафари дигар аз роҳбарон ва муовинони як қатор идораҳои давлатиро ҳам аз масабҳояшон озод кардааст. Масъалан Ваҳоб Воҳидов раиси ширкати саҳомии "Кимиё", Нуриддин Қаюмов муовини аввали вазири иқтисод ва савдо, Раҷаб Мардонов муовини сармуҳарири рӯзномаи "Ҷумҳурият" ва дигарон аз вазифаҳояшон барканор шуданд.

Дар ҳоли ҳозир ба таври рӯшан маълум нест, ки бознишастагӣ барои мардҳои Тоҷикистон аз чанд солагӣ мебошад. Бархе аз идораҳои Тоҷикистон синни 65 солагиро пеш меоранд. Вале идораҳои дигар 63 ва 60 солагиро нишон медиҳанд. Аслиддин Соҳиназаров низ дар мавриди бознишастаги аз вазифа рафтанаш шикояте надорад. Аммо вай мегӯяд, чаро ҳукумат бидуни эълон ва маслиҳати пешакӣ чунин тасмим гирифт. Ба назари оғои Соҳибназаров ин ҳатман аз рӯи ғараз мебошад ва ҳукумат мехоҳад бо ин роҳ аз афроди оппозитсиюни пешин, ки тибқи саҳмияи сӣдарсада дар сохторҳои давлатӣ ҳастанд, раҳо шавад. Ба гуфтаи Соҳибназаров вай нафари 4ум аст, ки бо ин сарнавишт рӯ ба рӯ шудааст. Аслиддин Соҳибназаров то ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар вазифаи муовини вазири кишоварзӣ ва баъдан дар ҳукумати муросои миллӣ дар мансаби ноиби нахуствазир буд. Баъд аз солҳои нооромӣ дар ҳукумати феълӣ, дар соли 1996 ба вазифаи муовини раиси кумитаи давлатии андоз ва баъдан тибқи саҳмияи сӣдарсадаи оппозитсиюн ҳамчун намояндаи Ҳизби Демократ ноиби аввали ҳамин кумита таъин шуд.

Ҷаноби Соҳибназаров муаллифи чандин китобҳои сиёсӣ мебошад. Бо навиштани ҷилди 2юми китоби "Субҳи ситоракуш", ки фаъолияти ҳукумати Президент Раҳмоновро мавриди танқид қарор додааст. Дар ҳоли ҳозир дар вазифаҳои аршади давлатӣ аз намояндагони Ҳизби Демократӣ Абдунабӣ Саторзода, Шералӣ Наҷмиддинов, Ҳудойбердӣ Холиқназаров ва раиси ҳамин ҳизб Маҳмадрӯзӣ Искандаров фаъолият доранд. Аслиддин Соҳибназаров дар ин савол, ки минбаъд чӣ хоҳад кард, чизе нагуфт.



XS
SM
MD
LG