Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқи ҳеройин то рафт шакли оммавӣ мегирад



Соҷидаи Мирзо

Кормандони полиси нақлиёти Тоҷикистон аз 15 мусофири қатораи Душанбе-Маскав маводи мухаддир пайдо карданд.



Сардори идораи полиси нақлиёт дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-майор Раҳмонқул Зойиров ба хабаргузории ИТАРТАСС иттилоъ дод, ки танҳо якшанбеи гузашта ва субҳи рӯзи душанбе аз қатораи мусофиркаши Душанбе-Маскав 15 қочоқбари маводи мухаддир боздошт шуд, ки мехостанд, зиёда аз ду килограмм ҳеройинро дар контейнерҳои махсус, дар меъдаи худ ба Русия интиқол диҳанд. Ин рӯйдод, ба гуфтаи манобеъи интизомӣ, сабаби боз ҳам сахттар шудани назорат ва тафтиш дар нақлиёт гардид. Акнун қатораро то қаламрави Ӯзбакистон кормандони умури дохилии Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунанд ва дар истгоҳи Сариосиё онро ба хадамоти махсуси кишвари ҳамсоя месупоранд. Полиси нақлиёти Тоҷикистон аз аввали январ то ҳоло зиёда аз 100 килограм маводи мухаддирро мусодира намуд, ки сеяки онро ҳеройин ташкил дод.





XS
SM
MD
LG