Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақлиёт: 2 хабар



Хоҷаи Мирзода

Оғози рафтуомади роҳи оҳан миёни Тоҷикистону Эрон то якуми феврал ба таъхир афтид. Парвозҳои мустақим миёни Хуҷанд ва Машҳад ҳам то охири моҳи равон ба таъхир гузошта шуд.

Муовини раиси роҳи оҳани Тоҷикистон Маҳмудҷон Нуралиев гуфт бо сабабҳои техникӣ оғози рафтуомади роҳи оҳан миёни Тоҷикистону Эрон то якуми феврал ба таъхир афтид. Феълан масъалаи табдили чархҳои вагонҳо дар марзи Турманистону Эрон ҳалли ниҳоии худро наёфтааст. Роҳи оҳани Эрон аз роҳи оҳани ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ каме бориктар аст ва аз ин рӯ, дар марз чархҳои вагонҳо бояд табдил дода шаванд. Муовини раиси роҳи оҳани Тоҷикистон таъкид кард, ки музокирот идома доранд ва мӯҳлати дақиқи оғози рафтуомад баъдтар эълон хоҳад шуд.

Дар ин рӯзҳо ҳавопаймоҳои ширкати ҳавоии Тоҷикистон мебоист парвозҳои мустақим миёни шаҳрҳои Хуҷанд ва Машҳадро шурӯъ мекарданд. Бо сабабҳои техникӣ оғози ин нақша ҳам то охири моҳи равон ба таъхир гузошта шуд. Вале ширкати ҳавоии Тоҷикистон парвозҳои чархбол аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Панҷакентро то се дафъа дар ҳафтае афзоиш дод. Билети ин самт 56 сомонӣ мебошад. Раиси фурудгоҳи шаҳри Душанбе Рустам Рустамов дар сӯҳбат бо хабаргузории Азия Плюс гуфтааст, ки рӯзҳои наздик кушоиши роҳи ҳавоии Душанбе ноҳияи Айнӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Номбурда афзудааст, ки парвозҳо як дафъа дар як ҳафта хоҳанд буд ва нархи билет 45 сомонӣ муқаррар гардидааст.

XS
SM
MD
LG