Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти ҳайъати вижаи ҳукуматӣ аз Тавилдара ва номуайянӣ дар робита бо ҳузури Ҷумъаи Намангонӣ



Мирзонабии Холиқзод

Ҳайъати махсуси Ҳукумати Тоҷикистон аз Тавилдара баргашт, вале аз натиҷаҳои сафари он хабар дода намешавад.

Ҳайъати махсуси Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии вазири дифоъи кишвар Шералӣ Хайруллоев аз сафари Тавилдара, ки барои тасдиқ ва ё радди ҳузури Ҷумъаи Намангонӣ ва афродаш дар ин минтақа ҷараён гирифта буд, ба Душанбе баргашт, вале мӯҳтавои гузориши он ба президент Эмомалӣ Раҳмонов ҳанӯз маълум нест.

Дар баробари ин гуфта мешавад, ба Ҷумъаи Намангонӣ ҳушдор дода шудааст, ки то 25-уми январ қаламрави Тоҷикистонро тарк кунад. Эҳтимол меравад, ки ҳайъати ҳукуматӣ ҳамин паёмро ба Тавилдара бурда бошад.

Ҳеҷ яке аз аъзои ҳайъати ҳукуматӣ омода нашуд ба хабарнигори Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ мӯҳтаво ва натиҷаи сафари ин ҳайъатро шарҳ диҳад. Вазири вазъи фавқулоддаи Тоҷикистон Мирзо Зиёев ҳузури Ҷумъаи Намангонӣ ва мусаллаҳони ӯро дар Тавилдара рад кард, вале афзуд, баъзе аз аъзои ҳайъати ҳукуматӣ ҳанӯз дар Тавилдара мебошанд. Саламшоҳи Муҳаббат, узви дигари ҳайъати мазкур изофа намуд, ки вазъият дар манотиқи шарқӣ ором аст.

Аммо муовини райиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон Нуралишоҳ Назаров дар гуфтугӯйи телефонӣ бо Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ ба саволи инки оё ба Ҷумъаи Намангонӣ чунин ҳушдор дода шудааст, гуфт "бояд ӯ аз Тоҷикистон бароварда шавад."

Ҳамин тариқ мақомоти Тоҷикистон аз натиҷаи кори ҳайъати ҳукуматӣ дар тӯли ду ҳафтаи ахир ва сафарҳои пайдарпайи аъзои ин ҳайъат ба Тавилдара маълумоти дақиқ ва расмӣ нашр намекунанд. Вазъи мазкур на танҳо дар миёни аҳолӣ, балки дар парламенти Тоҷикистон ақидаеро ба вуҷуд меорад, ки ба ҳар ҳол Ҷумъаи Намангонӣ ва ё афроди ӯ эҳтимолан дар Тавилдара ҳастанд ва ин ҳолат ба муносибатҳои миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон халал ворид мекунад.

Узви кумитаи дифоъ ва амнияти парламент Мусаммир Ғафуров мегӯяд, дар ҳоле ки Тоҷикистон аз муборизаи зидди террорисм ҳарф мезанад, бояд ба ҳузури чунин гурӯҳҳо дар хоки худ роҳ надиҳад. Гуфтугӯҳои пиромуни ҳузури эҳтимолии Ҷумъаи Намангонӣ то андозае дар ҷомеъа ҷой доранд, ки ҳатто гуфта мешавад, чораҳои ҳарбии рондани аъзои Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон аз ҳудуди Тоҷикистон низ мавриди назаранд.

XS
SM
MD
LG