Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи Ҷаҳонии Хӯрокворӣ аз хушксоли 2001 дар ташвиш аст



Салими Аюбзод

Барномаи Ҷаҳонии Хӯроквории Милали Муттаҳид бо муаррифии харитаи манотиқи гуруснагизадаи дунё дар як нишасти матбуотӣ, рӯзи душанбе дар Ню-Йорк, изҳор дошт, ки соли ду ҳазору якум низ хушксоли шадид дар чандин кишвар идома ёфта, миллионҳо нафар ба бӯҳрон гирифтор хоҳанд шуд. Ба гуфтаи намояндагони ниҳоди мазкур, дар ҳоли коҳиши кӯмак ба офатзадагон ва қурбониёни эҳтимолии хушксоли 2001, дар баъзе манотиқ фалокатҳои башарӣ ба амал хоҳанд омад.

Барномаи Ҷаҳонии Хӯроквории Милали Муттаҳид бо муаррифии харитаи манотиқи гуруснагизадаи дунё дар як нишасти матбуотӣ, рӯзи душанбе дар Ню-Йорк, изҳор дошт, ки соли ду ҳазору якум низ хушксоли шадид дар чандин кишвар идома ёфта, миллионҳо нафар ба бӯҳрон гирифтор хоҳанд шуд. Ба гуфтаи намояндагони ниҳоди мазкур, дар ҳоли коҳиши кӯмак ба офатзадагон ва қурбониёни эҳтимолии хушксоли 2001, дар баъзе манотиқ фалокатҳои башарӣ ба амал хоҳанд омад. Тамоюли идомаи хушксол дар бархе аз манотиқи ҷаҳон ва шиддат ёфтани оқибатҳои он дар заминаи низоъву ҷангҳо аз нигоҳи Барномаи Ҷаҳонии Хӯрокворӣ, дар гузориши Барномаи Ҷаҳонии Хӯроквории Милали Муттаҳид зикр шудааст. Аломатҳои хушксоли нав дар Тоҷикистон ба мушоҳида расидаанд. Роҷеъ ба вазъияти феълӣ мо ба сухангӯи Барномаи Ҷаҳонии Хӯроквории Милали Муттаҳид хонум Ҳедер Ҳилл муроҷиат кардем. Посухи ӯ чунин буд:

Барномаи Ҷаҳонии Хӯрокворӣ аз вазъи Осиёи Марказӣ шадидан дар ташвиш аст, зеро ин минтақа ҳанӯз ҳам аз оқибатҳои хушксоли сахти ин тобистон азийят мекашад. Ва он чӣ ҳоло мебинем, садҳо, шояд ҳазорон нафар аз паноҳандагони афғон кӯшиш доранд, дар Тоҷикистон, Покистон ва Эрон паноҳгоҳ ёбанд. Ин ҳолат ба вазъи мавҷуда аз он лиҳоз таъсир мерасонад, ки масъала аз як кишвар ба кившарҳои дигар густариш ёфта, дар онҳо низ ҳолати сангинтареро ба миён меорад.

Савол: Бо дарки чунин вазъият, оё Барномаи Ҷаҳонии Хӯрокворӣ барои оянда чӣ тарҳу нақшаҳо дорад? Хонуми Ҳилл мегӯяд:

Барномаи Ҷаҳонии Хӯрокворӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ду навъи тарҳҳои худро пиёда мекунад, ки яке барномаи муқаррарӣ ва дигари фавқулодда мебошад. Ин баёнгари он аст, ки ниҳоди мазкур ба минтақа ҷиддан мутаваҷҷеҳ мебошад. Барномаҳои фавқулодда ҳамин тобистон, вақте таъсири хушксол маълум шуд, оғоз ёфтанд. Тайи сол мо мунтазам ба Афғонистон хӯрокворӣ интиқол додем ва илова ба ин дар Тоҷикистон, Покистон ва Эрон амалиёти мададрасонӣ пеш мебарем.

Гуфтугӯи кӯтоҳе буд бо Ҳедер Ҳилл, сухангӯи Барномаи Ҷаҳонии Хӯроквории Милали Муттаҳид дар мавриди нақши ин ниҳод дар манотиқи идомаи хушксол.

XS
SM
MD
LG