Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши ду бомба дар Душанбе



Саидқосими Қиёмпур

Ду таркиши алоҳида дар наздикии ду калисои насронии Душанбе боиси талафоти ҷонӣ нашуд.

Мақомоти амнияатии Тоҷикистон гуфтанд шаби соли нав як бомба дар наздикии калисои православи Душанбе ва даҳ дақиқа баъд як бомбаи дигар дар ҷилави калисои протестантии адвентистҳо таркид, аммо таркишҳо боиси талафоти ҷонӣ ва ё хасорати вазнин ба биноҳо нашуд. Мақомоти амниятӣ тафтиши таркишҳоро оғоз кардаанд ва ҳанӯз касе масъулияти ҳодисаҳоро бар ӯҳдаи худ нагирифтааст. Октябри гузашта ҳам таркиши ду бомба дар калисои протестантии Сон Мин дар Душанбе боиси захмӣ шудани чандин нафар ва садама дар бинои калисо шуда буд.

XS
SM
MD
LG